ДИДОРИ РАҲМОН АЗ МАҲАЛЛИ НЕРӮГОҲИ РОҒУН
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар чаҳорчӯби сафар ба водии Рашт имрӯз, 28-уми октябр, аз маҳалли бунёди нерӯгоҳи Роғун дидан мекунад. Шиносоӣ бо раванди сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳадафи аслии боздиди ахири раисиҷумҳури Тоҷикистон аз водии Рашт унвон мешавад.
Ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта барои сохтмони ин нерӯгоҳи бузург 130 миллион ва дар соли ҷорӣ 500 миллион сомонӣ, муодили 115 миллион доллар, ҷудо кардааст. Ҳамчунин тахассуси 650 миллион сомонии дигар дар соли оянда барои ин тарҳ пешбинӣ шудааст. Мақомоти Тоҷикистон эълон кардаанд, ки охирҳои моҳи декабри соли ҷорӣ маҷрои рӯдхонаи Вахш дар минтақаи бунёди нерӯгоҳи Роғун баста хоҳад шуд.
Ахиран ҳукумати Тоҷикистон қимати тарҳи бунёди нерӯгоҳи Роғунро то 2 миллиард доллар поён бурд. Аз ин пеш хабар дода мешуд, ки қимати тарҳи нерӯгоҳ тақрибан 3 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ҳамчунин давлати Тоҷикистон якчанд рӯз қабл тасмими худ дар бораи ба фурӯш гузоштани саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии Роғунро эълон кард.
Баъзе аз соҳибназарон чунин тасмимгириҳои ахири ҳукумати Тоҷикистонро ба сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Русия ва мулоқоти ӯ бо президенти ин кишвар рабт медиҳанд. Ин соҳибназарон тахмин мезананд, ки шояд дар дидор ва гуфтугӯҳои Медведев ва Раҳмон дар Маскав наҳваи нави ширкати Русия дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун матраҳ шуда бошад.
Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки бузургтарин дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд, дар сурати бунёд гаштани он имкон хоҳад дод, то Тоҷикистон аз назари таъмини нерӯи барқ худкифо шавад ва барқи онро ба кишварҳои минтақа бифурӯшад.
«Озодӣ»