03:34:17 11-уми Июни 2025 сол

Президенти тозаинтихоби Тоҷикистон савганд ёд кард

Имрӯз дар Қасри «Миллат» ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ботантана аз ҷониби Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии  интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

savgand 656999Ҳамзамон дар ин маросими ботантана ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудов тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ҳокимияти президентӣ - Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро супорид. 

Сипас, Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Кохи «Сомон»-и бӯстонсарои Ҳукумати мамлакат раҳсипор гардида, дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд кард.

Бояд тазаккур дод, ки дар ҷаласаи якҷояи палатаҳои Парлумони мамлакат аъзои Маҷлиси миллӣ,  вакилони Маҷлиси намояндагон, аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарону кормандони масъули вазорату идораҳои кишвар, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ширкат доранд.

Марзия Саидова, АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854