18:48:20 28-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт

Толибон дар Бадахшони Афғонистон як ҳавопаймои бидуни сарнишини амрикоиро сарнагун карданд. Дар ин бора Press TV истинодан ба манобеъи давлатии ин вилоят иттилоъ дод.

Ин дувумин тайёраи бесарнишини Пентагон аст, ки зарфи 10 рӯзи охир дар Афғонистон сарнагун мешавад. 4 ноябри соли равон дар вилояти Кунар Толибон ҳавопаймои амрикоиро, ки қасд дошт, дар маҳалли эҳтимолии таҷаммуъи мухолифони режими Кобул бомбандозӣ кунад, зада афтониданд. То ин замон аз ҳалокати садҳо занону тифлон ва пирони баҷомонда аз ҳамлаи ин бомбафканҳо хабар дода шудааст.

ххх

Ҳукумати Албания ба дархости ИМА дар мавриди дар қаламраваш нобуд сохтани захираи силоҳҳои химиявии Сурия посухи рад дод. Сарвазири ин кишвар Эди Рама зимни як сӯҳбати телевизионӣ гуфт, ки Албания қасд надорад силоҳи хатарзоро дар қаламраваш нобуд созад, ҳарчанд барои ин маблағ пардохт мешавад. Тасмими нобудсозии силоҳҳои химиявии Сурия моҳи сентябр гирифта шуд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз миёнҷигарии ИМА ва Русия ва ҳам аз ризояти Башор Асад истиқбол намуд. Ахиран Созмони ҷаҳонии манъи аслиҳаи кимёӣ тарҳи расмии тахриби силоҳҳои кимёии Сурияро ба тасвиб расонд. Сурия хостори он аст, ки  ин аслиҳа дар берун аз ин кишвар нобуд карда шавад. 

ххх

Президенти Русия Владимир Путин дастури ташдиди низоми амниятӣ дар Сочӣ, ки маҳалли баргузории бозиҳои олимпии зимистонаи соли 2014 мебошад, содир намуд. Тибқи ин дастур шаҳрвандони Русия, ки барои зисти муваққат ба Сочӣ меоянд, ҳатман зарфи се рӯз худро муаррифӣ ва дар мақомот сабти ном кунанд. Атбоъи хориҷие, ки муносибате ба бозиҳои олимпӣ надоранд, ҳақи беш аз 30 рӯз будубош кардан дар ин шаҳрро нахоҳанд дошт. Ин дастурест, ки бояд аз 7 январ то 21 марти соли 2014 амал кунад. Талаботи нав барои шаҳрвандони хориҷие, ки иҷозаи вуруд ба муассисаҳои олимпӣ доранд ва шаҳрвандони худи Русия дахл надорад.  

ххх

Сарвари Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон Владислав Маркевич аз омодагии беш аз ҳазор хонаводаи рустабор барои кӯч бастан ба Русия хабар дод. Владислав Маркевич, ки бо хабаргузории давлатии “Ховар” сӯҳбат мекард, гуфт, ки танҳо ҳамин сол 155 хонавода ба аризаи худ оиди аз Тоҷикистон кӯч бастан ба Русия посухи мусбат дарёфт кардаанд, 130 оила соҳиби шаҳодатнома шудаанд ва 21 хонавода, аллакай, кӯчидаанд.

ххх

Ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд 100-солагии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Домулло Азизовро таҷлил кард. Домулло Азизов 24 октябри соли 1943 дар шадидтарин ҷанг барои озодсозии деҳаи Острови ноҳияи Лоеви Белоруссия, баъди ҷасорату корнамоии бемисл ҷон ба Ҳақ таслим намуд. Моҳи сентябри соли равон бо ташаббуси сафорати Тоҷикистон дар Белоруссия ва дастгирии мақомоти давлатии ин кишвар дар мактаби миёнаи рақами 35 шаҳри Минск нимпайкараи биринҷии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Домулло Азизов гузошта шуд ва осорхонаи ӯ ифтитоҳ гардид. Ин мактаб дар кӯчае воқест, ки номи Домулло Азизовро ба худ гирифтааст.

ххх

Бар асари даргириҳои мардум дар рӯзи Ошуро дар Исломобод ҳаддиақал 8 нафар кушта шуданд. Мақомот бо эълони қуюди шабгардӣ вокуниш нишон доданд. Пулис мегӯяд  даргирӣ аз ҷониби шиамазҳабон оғоз шудааст, онҳо ба таълимгоҳи сунниҳо ворид гардида, ду нафарро берун кашидаанд ва то дами марг лагадкӯб кардаанд. Аммо шиаҳо бар инанд, ки аз забони суннимазҳабон ҳарфҳои носазо шунидаанд. 

ххх

Пентагон эълон кард, ки муоҳадаи харидории 15 чархболи ҳарбӣ-боркаши Ми-17В-5 аз Русияро лағв мекунад. Бино ба гузориши Associated Press сенатори ҷумҳурихоҳ Ҷон Корнин, ки худ дар гузашта аз мухолифони ашаддии роҳандозии ин лоиҳа ба шумор мерафт гуфтааст, ки  аз ин тасмими Пентагон истиқбол мекунад.  Ин муоҳада моҳи майи соли 2011 имзо шуда буд ва гуфта мешавад, ки дар доираи он то ин замон Русия 21 чархболи низомии Ми-17В-5-ро ба Афғонистон интиқол додаааст.

ххх

Бар асари инфиҷори ҳавопаймои Boeing 737 500 (ширкати ҳавопаймоии Тотористон) дар Қазон бештар аз 50 нафар ба ҳалокат расиданд. Ин ҳодиса шоми рӯзи шанбе рух дод. Мақомот мегӯянд ҳавопаймо эҳтимолан бо иштибоҳи халабонҳо суқут карда бошад. Дар таърихи Тотористон бори аввал аст, ки тайёраи Boeing дучори садамаи марговар мешавад. Сарвари давлати Русия барои наҷот ва кӯмак ба осебдидагон дастури фаврӣ додаст. Алҳол сабабҳои асосии суқути тайёра тафтишу таҳқиқ мешавад.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi