03:57:48 11-уми Июни 2025 сол

Тоҷикистон дигар дар Маскав кинотеатр нахоҳад дошт

Шаҳрдории Маскав бо иттихози 3,5 миллион рубл, ки баробар ба 115 ҳазор доллар аст, дастури тахриби кинотеатри “Тоҷикистон”-ро содир намуд. Дар ин марҳила озмуни ширкатҳои тахрибкунанда эълон шудааст ва тибқи қарори шаҳрдорӣ зарфи шашуним моҳи оянда ин кор бояд комилан анҷом пазирад.

kinocentr-485551Гуфта мешавад, ки ба ҷои он маркази фарҳангиву фароғатии замонавӣ бунёд созанд. Аминҷон Маҳмадзамон, як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки каме дуртар аз маҳалли ҷойгиршавии кинотеатр будубош ва кор мекунад, дар сӯҳбат бо “Рӯзгор” гуфт, ки ин аввалин тасмими шаҳрдорӣ барои тахриби муассисаҳое мебошад, ки аз ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ ба ёдгор мондаанд.

Бино соли 1982 сохта шудааст ва аз соли 2001 чун толори кинову консерт фаъолият дошт. Ба гуфтаи ӯ сокинони маҳаллӣ ҳамоно онро “Кишлак” ном мебаранд, ки таҳқире беш нест. Аминҷон Маҳмадзамон дар сӯҳбат бо “Рӯзгор” гуфт, ки 23 сол инҷониб дар Маскав зиндагонӣ дорад ва дар ҳеҷ замоне миллигароӣ ба ин ҳад рушд накарда буд.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854