03:43:37 11-уми Июни 2025 сол

Садсолагии Ҳоҷӣ Содиқ баргузор мешавад

Ҳукумати вилояти Суғд як ҳайати вижаро барои омодагӣ ба таҷлили садсолагии зодрӯзи нависандаи тавонои тоҷик Ҳоҷӣ Содиқ таъсис дода ва нақшаи чорабиниҳои гиромидошти адиби шодравонро тасдиқ кардааст. Дар ин бора ба "Рӯзгор" сардори дафтари матбуотии ҳукумати вилоят Илҳоми Ҷамолиён хабар дод. 

jashnvora-54458778Манбаъ дар шарҳи қарори ҳукумати вилоят афзуд, ки ҳадаф таблиғи адабиёт ва ҳунари волост, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ ва ошно намудани насли имрӯз ба нақш ва ҷойгоҳи рӯзноманигор ва нависанда Ҳоҷӣ Содиқ дар рушди адабиёт ва журналистикаи муосир мебошад. Илҳоми Ҷамолиён афзуд, ки чорабиниҳои асосӣ дар маркази шаҳри Хуҷанд мегузаранд.

Ҳукумати вилоят ба раёсатҳои маориф ва фарҳанг ва Иттифоқи нависандагони вилоят дастур додааст, ки силсилаи чорабиниҳои ҷашниро бо даъвати ҳампешагон ва ҳамқаламони нависанда аз пойтахти кишвар дар сатҳи баланд баргузор кунанд.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854