00:46:11 03-уми Июни 2025 сол

МОДАР ФАРЗАНДИ ХУДРО КУШТ

Ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Панҷакент, шаҳрванди 27 сола Шоира Раҷабова рӯзи 25 октябр муроҷиат намуда буд, ки фарзанди ноболиғаш Фарзона Саидоваи 5 сола бедарак гум шудааст. Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, вобаста ба шикояти ҷабрдида кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷакент корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронданд.

 

Дар натиҷа муайян намуданд, ки худи шаҳрванд Ш.Раҷабова бо роҳи буғӣ фарзанди ноболиғи худро ба ҳалокат расонида дар ошхонаи ҳавлии истиқоматиаш гӯронидааст. Ташхиси тибби судӣ низ нишон дод, ки сабаби марги ноболиғ Ф. Саидова буғӣ кардани роҳи нафас мебошад. Оид ба ин фоҷиа прокуратураи шаҳри Панҷакент бо моддаи 104 (қ.2) КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз карда, тафтишоташ идома дорад.

 

Жасмин Назарова, АМИТ "Ховар"

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854