23:51:55 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт

Дар Русия президенти ин кишвар бо судури як фармон ожонсии хабарии РИА «Новости» ва радиои давлатии «Голос России»-ро барҳам дод ва дар пояи он хабаргузории нав бо номи «Россия сегодня» таъсис дод. Сайти президенти Русия хабар дод, ки Дмитрий Киселев раиси куллии хабаргузории нав таъин шудааст. Путин ҳамчунин бо фармони дигар дороиҳои ширкати давлатии радиоии «Голос России»-ро ба  ихтиёри хабаргузории «Россия сегодня» қарор додааст.

ххх

khabarho-2014-20151Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров бо ҳайате аз ҷумлаи кормандони ин хадамот вориди Русия шудааст, то масоили ҳамкориҳои созандаи муборизаи муштарак бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷилавгирӣ аз қочоқи он ба қаламрави ин кишварро ҳамоҳангӣ кунад. Бино ба иттилои маркази матбуотии ниҳод Рустам Назаров аз шаҳрҳои Екатерингбург, Тюмен, Омск, Новосибирск ва Красноярск боздид намуда, бо мақомоти вилоятҳо, раёсати пулис ва хадамоти мубориза бо маводи мухаддири ин минтақаҳо, ҳамчунин бо фаъолони ҷамъияти тоҷикони муқими Русия дидору гуфтугӯ мекунад.

ххх

Дар маросими ба хок супурдани Нелсон Мандела, сарвари пешини Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ сарварони зиёда аз 60 кишвари олам ширкат мекунанд. Тибқи иттилои Рейтер аз аввалинҳо шуда Барак Обама, президенти ИМА аз ширкаташ дар ин маросим иттилоъ додааст. Ба дунболи вай руасои ҷумҳур ва сарвазирони  кишварҳои дигар, аз ҷумла Фаронса Франсуа Олланд, Британияи Кабир Девид Кэмерон ва Дабири куллии Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун низ хостори ширкат дар ин маросим шуданд. Мандела муборизи роҳи озодӣ ва аввалин президенти сияҳпӯст дар таърихи ин кишвар буд, ки аз моҳи майи соли 1994 то моҳи июни соли 1999 дар сари ҳокимият буд. Аммо сарнавишт ва роҳи сиёсии ӯ пурпечутоб ва дар аксар маврид гирифтори маҳрумиятҳо ва шиканҷаи ҷисмониву рӯҳӣ будааст. Дар овони ҷавонӣ барои мубориза ба муқобили режими нажодпараст зиндонӣ шуд ва 27 соли беҳтарини умрашро паси панҷара сипарӣ намуд.

ххх

Шаҳрдории Душанбе аз омодагии худ ба баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) эълон намуд. Маҳмадсаид Убайдуллоев бо баргузории як нишаст Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии пойтахтро ба ин ҳамоиши байналмилалӣ, ки қарор аст рӯзҳои 12-13-уми сентябри соли оянда дар шаҳри Душанбе доир гардад, тасдиқ кард. Хадамоти матбуотии шаҳрдории пойтахт хабар дод, ки тибқи ин нақша  дар кӯчаҳои протоколии пойтахт корҳои кабудизоркунӣ анҷом дода шуда, гулҳову буттаҳои ороишӣ шинонида мешаванд. Корҳои азнавсозии меҳмонхонаи «Пойтахт» ба итмом расонида шуда, мақомоти шаҳрдорӣҷиҳати анҷоми сохтмони «Шератон» низ мусоидат хоҳад кард».

ххх

Вазорати кишоварзии Тоҷҷикистон иттилоъ дод, ки то 1 декабри соли равон хоҷагиҳои кишвар  аз 191 ҳазору 330 гектар киштзор 372 ҳазору 132 тонна пахта ҷамъоварӣ намуда, нақшаи солонаро 93,1 фоиз иҷро кардаанд.  Ҷамъоварии ғалладона як миллиону 279 ҳазору 439 тоннаро ташкил додаст, ки  908 ҳазору 402 тоннаи он гандум мебошад. Ин вазорат миқдори картошкаи истеҳсолшударо  беш аз як миллиону 14 ҳазору 800 тонна эълон кардааст, ки назар ба нишондодҳои соли гузашта 104 ҳазору 100 тонна зиёд аст.

ххх

Нахуствазири Таиланд Йинглак Шиноват эълон кард, ки ба хотири субот дар кишвар паламонро мунҳал эълон мекунад. Тасмим пароканда кардани парламон замоне гирифта мешавад, ки муддати бештар аз як моҳ мавҷи тазоҳуроту эътисобҳо дар хиёбонҳои Бангкок коста намешавад. Як иллати ин ноамниҳо пуштибонии Йинглак Шиноват аз бародараш Таксин Шиноват аст, ки дар гузашта бар асари табаддулоти давлатӣ барканор шуда, ҳоло бо пуштибонӣ аз хоҳараш мехоҳад аз иттиҳоми фасоди молӣ худро дур гирад. Мухолифон хостори ба ҷазо кашидани бародари сарвазиранд. Аммо ахиран талаби эътирозгарон дигар шуд. Онҳо хостори барканории Йинглик Шиноват аз мақоми сарвазирӣ ва аз кишвар берун рафтани вай бо аҳли хонаводааш мебошанд.

ххх

Сарвазири Русия Дмитрий Медведев эълон кард, ки зидди ҷорӣ кардани низоми раводид бо мамолики Осиёи Марказӣ аст. 6-уми декабр вай аз тариқи шаш шабакаи телевизионии кишвараш изҳор дошт, ки ҷорӣ намудани низоми раводид ба манфиати Русия нест. «Русия манфиатдор аст, ки кадрҳои баландихтисос беш аз ҳар вақти дигар ворид шавад ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз ин кишварҳо бештар кадрҳое меоянд, ки ба ҳузурашон эҳтиёҷ аст»,-гуфт ӯ.

Сарвазири Русия ҳамчун хостори ҷорӣ намудани низоме шуд, ки убур аз марзҳо бо воситаи шиносномаҳои хориҷӣ сурат гирад ва ҳама расмияти вуруду хуруҷ бояд бидуни таъхир иҷро шавад. «Касеро, ки қонунро вайрон мекунад, бояд ё аз кишвар ронанд ва ё ба ҷавобгарӣ кашида шавад». Ҳамзамон бо ин Медведев таъкид ҳам кард, ки корфармоён бояд масъулияти аз ҷониби кормандон вайрон шудани низоми будубошро ба ӯҳда дошта бошанд. 

 Маврид ба ёдоварист, ки ҷорӣ кардани раводид барои сокинони Осиёи Марказӣ дар ҷомеаи имрӯзаи Русия ҷиддан мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтааст. Президенти ин кишвар Владимир Путин зидди ин гуна иқдомот садо баланд кард ва гуфт, ки низоми раводид боиси аз шаҳрҳо ба марзҳо куч бастани фасод мешавад ва аз ҷониби дигар ин ҷамоҳирро аз Русия дур месозад.

ххх

Бори аввал дар таърихи 12 соли охир Толибони Афғонистон аз иқдоми Ҳомид Карзай, президенти ин кишвар дар мавриди имзо накардани созишномаи амниятӣ бо Амрико пуштибонӣ карданд. Тибқи иттилои Khaama Press  гуруҳи Толибон бо пахши изҳорот аз Карзай даъват карданд, ки ҳама шарту шароити пешниҳодии ҷониби Амрикоро сарфи назар кунад. «Сабаби асосии болоравии хушунат дар Афғонистон ба мавҷудияти нерӯҳои бегона дар ин кишвар бастагӣ дорад»,- мегӯяд сарвари ин гурӯҳ ва аз Ҳомид Карзай даъват мекунад, ки аз имзои ин созишнома даст бардорад ва бо ин васила ба идомаи беш аз се даҳсола хунрезӣ дар кишвар поён диҳад.

Тавре қаблан ҳам хабар дода будем, ҳатто баъди он ки Шӯрои куҳансолон ва Луи Ҷиргаи ин кишвар ба имзои созиши амниятӣ бо ИМА мувофақа кард ва тавсия дод, ки он пазируфта шавад, ба далели надоштани кафолати амниятӣ Ҳомид Карзай онро имзо накард. Президенти Афғонистон талаб дорад, ки аввал Амрико кафолат диҳад, ки дигар ба хонаҳои афғонҳо зада намедарояд ва тайёраҳои бидуни сарнишинаш манотиқи амнро мавриди ҳамла қарор намедиҳад. 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi