14:11:55 01-уми Июни 2025 сол

«БАРҚИ ТОҶИК» ИТТИҲОМОТИ ҚАЗОҚИСТОНРО ПАЗИРУФТ

Ширкати «Барқи Тоҷик» таъйид кардааст, ки дар ҳақиқат интиқоли ғайриқонунии нерӯи барқи Қазоқистон аз низоми ягонаи барқи Осиёи Марказӣ аз ҷониби Тоҷикистон ҷой доштааст. Низоми ягона Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистонро дар бар мегирад.

 

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи «Барқи Тоҷик» ба хабаргузории «Азия-Плюс» гуфтааст, аммо ин интиқоли ғайриқонуниро наметавон дуздӣ номид, чун ба иллати мушкилоти фаннӣ рух додааст ва ҳамаи ин кишварҳо дар як занҷираи барқӣ қарор доранду баъзан ҳаққи кишваре ба кишваре дигар ворид мешавад. Ҷаноби Ёдгорӣ гуфтааст, вазъият баррасӣ гардида ва ҳаҷми нерӯи ғайриқонунӣ интиқолшуда ба ҷониби Қазоқистон ё баргардонида мешавад ва ё арзиши он пардохта мешавад.

 

Қаблан, Қазоқистон эълом карда буд, ки ба иллати он ки Тоҷикистон аз занҷираи ягонаи нерӯи барқи Осиёи Марказӣ ҳаҷми беш аз меъёри барқро истифода мебарад, ин кишвар аз ин занҷира берун хоҳад шуд.

 

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854