Мактаби зимистонаи кодикологони ҷавон
Дар маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии корманди пешбари Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ Лола Додихудоева бо ҳамкории Институти фаронсавии тадқиқоти Осиёи Марказӣ (IFEAS) аз 12.12.2013 то 21.12.2013 мактаби зимистонаи кадикологон (дастхатшиносони нусхаҳои қадимаи шарқӣ ва таҳиякунандагони каталогҳо)-и ҷавон кори имсолаи худро бомуваффақият ҷамъбаст намуд.
Дар мактаб мутахассисони ҷавони соҳаи дастхатшиносӣ зиёда аз 40-нафар донишҷӯро фаро гирифт. Онҳо дар давоми таҳсил бо илми кодикология аз наздик шинос шуда, муҳимоти ин илмро аз устодони ботаҷрибаи фаронсавӣ Франсис Ришар ва донишманди итолиёвӣ Мишел Бернардинӣ аз худ намуданд. Устод Ришард Фишер соли дуввум аст, ки ба шаҳри Душанбе ташриф оварда, таҷрибаи солҳои зиёд андӯхтаи худро ба аспирантон, олимони ҷавон ва мутахассисони дастгоҳҳои марбута меомӯзанд.
Ба онҳо нозукиҳои илм, аз қабили тавсифи дастхатҳои шарқӣ, хусусиятҳои хоси дастхатҳои шарқӣ ва аҳамияти онҳо, нигоҳдории онҳо, усули истифодабарии дуруст ва қироати босамар, феҳрастнигорӣ, таърих ва шеваи тозаи феҳрастнависӣ, вазоиф ва тавсифи дастхатҳо, соҳаҳои библиографӣ ва кодикологии тавсифҳо, нусхаҳои хаттии Осиёи Марказӣ, мактаби минётурӣ ва тазйини дастнависҳо, анвои хат, анъанаҳои китобсозӣ таълим дода шуд.
Донишомӯзон дар бораи музей ва китобхонаҳо, намоишгоҳҳо, нигоҳдорӣ ва тармим, асноди бойгонӣ, феҳрасткунонии аснод бо истифода аз воситаҳои электронӣ маълумоти зиёде ба даст оварданд. Устод Франсис Ришар ҳангоми ба Тоҷикистон ташриф оварданаш ба Китобхонаи Миллии Тоҷикистон ва Институти забон, адабиёти Шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ ду ҷилди бузурги каталогҳои нусхаҳои хаттии дар Пориж нигоҳдоримешударо ҳадя намуд, ки дар он 1000 нусхаи хаттии бо забони тоҷикӣ таълифшуда тавсиф карда шудаанд.
Акнун шарқшиносон, мутахассисони соҳаҳои таърих, адабиёт ва шарқшиносӣ метавонанд аз ин нусхаҳо маълумотҳои зуруриро пайдо намоянд.
Маҳмадёри Шариф, ходими калони илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хатии АИ ҶТ