10:29:42 01-уми Июни 2025 сол

ЗАФАР НОЗИМОВ БО ОРДЕНИ СИТОРА САРФАРОЗ ГАРДИД

 

6-уми июн бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Нозимов бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи 3 сарфароз гардонда шуд. Ин мукофоти олии давлатиро имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, овозхони машҳуру маҳбуб Зафар Нозимов тақдим намуда, ба ӯ барои хизматҳои шоистааш дар назди халқу Ватан арзи сипосу қадрдонӣ намуд. 

Чунонки дар фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ин ҳунарманди нотакрор «барои хизмати шоиста дар рушди фарҳанг, саҳми бузурги шахсӣ дар хазинаи санъати миллӣ ва маҳорати баланди сарояндагӣ» бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи 3 қадрдонӣ карда мешавад.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854