23:42:01 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Хабарҳои фарҳангии ҷаҳон

Довуди Пажмон, як тан аз сарояндагони тозазуҳури афғон, ки ахиран бо эҷоди навои "қашқарча" бо истифода аз асбобҳои мусиқии суннатии маҳаллӣ шуҳрати хоса касб кардааст, дар марҳилаи 23-юми озмуни "Ситораи афғон" дар миёни 5 нафар аз беҳтарин сарояндагон ҷой гирифт.

news-default-4565545Дар ин давр мухлисонаш аз ӯ таронаи "Ошиқам"-ро шуниданд, ки хеле ҷолиб буд. Дар марҳилаҳои гузашта бошад вай бар ашъори миёни мардуми Бадахшони Афғонистон роиҷи Мавлонои Балхӣ ва устод Рӯдакӣ таронаҳо суруда, ба зинаҳои баъдии озмун роҳ ёфта буд. Озмуни "Ситораи афғон" аз соли 2005 бо ибтикори телевизиони "Тулуъ" баргузор мешавад ва ҳадафи аслии он кашфи ҷавонони соҳибистеъдоди афғонӣ мебошад.

ххх

Ширкати "Logos Film Company" ба таҳияи филме аз рӯзгори қаҳрамони варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Шаварш Карапетян, ки замоне бист нафарро аз қаъри об берун овараву соҳибшуҳрат шуда буд, оғоз кардааст. Ин филм "20 ҳаёт" номида мешавад.  

karapetyan 6556656Моҳи сентябри соли 1976 қаҳрамони чандинкаратаи ҷаҳон оид ба варзиши зериобӣ Карапетян дар имтидоди кӯли Ереван дид, ки тролейбус аз хати ҳаракат хориҷ гардид ва зери об рафт. Вай филҳол амалиёти наҷоти онҳоро ташкил кард ва дар як муддати басо кутоҳ худ 20 нафарашонро аз зери об зинда берун кашид.

Дар айни замон лоиҳаи таҳияи филм охирин таҳрир мехӯрад. Таҳиягарон мегӯянд филм дар жанри драма офарида хоҳад шуд. Дар филм ҳамзамон оқибатҳои ин қаҳрамонӣ ва ҷасорати Карапетян нишон дода хоҳад шуд. Вай баъди наҷоти одамон бештар аз як моҳ дар бемористон бистарӣ шуд ва бозгашти ӯ ба варзиш зери хатар қарор дошт.

Аммо қаҳрамон ин зинаро низ гузашт ва дар шиноварӣ ба масофаи 400 метр боз як рекорди ҷаҳонӣ гузошт. Қаҳрамони 17-каратаи ҷаҳон ва 13-карати Аврупо ва 7-карати Иттиҳоди Шӯравӣ Шаварш Карапетян ҳоло 60 сол дорад ва тӯли ин муддат аз ҳаёти ӯ чандин филмҳои ҳуҷҷатӣ офарида шудаву китобе бо номи "Бист ҳаёти Шаварш" навишта шудааст.

ххх

"Ҳутали "Гранд Будапешт", ки аз филмҳои муҳими синамобазми Берлин мебошад, аз ҳаёти консержи машҳур Густав, ки дар ин ҳутали маъруфи аврупоӣ дар нимаи аввали асри ХХ кор кардааст, ҳикоят мекунад. Муаллифон аз дидгоҳи ӯ рӯйдодҳои Аврупоро миёни ду ҷанги ҷаҳонӣ ба тасвир кашидаанд. Сенарияи филм аз ҷониби Андерсен навишта шудааст. Дар маъракаи ифтитоҳи синамобазм тақрибан ҳамаи ҳунармандоне, ки дар ин филм нақш бозидаанд, аз ҷумла Файнс, Тилда Суинтон, Уиллем Дефо, Билл Мюррей, Ҷефф Голдблюм ширкат доштанд. 

Дар синамобазми Берлин зиёда 20 филми коргардонҳои машҳури олам зарфи даҳ рӯзи оянда намоиш дода хоҳад шуд. дар радфи "Ҳутали "Гранд Будапешт" барои ҷоиза филми Ричард Линклейтери амрикоӣ "Отрочество" бо ширкати Патритсия Аркетт ва Итан Хоук, филми коргардони фаронсавӣ Рашид Бушареб "Роҳи душман", ки Форест Уитакер нақши асосиро бозӣ мекунад, филми коргардони машҳури Ҷопонӣ Едзи Ямад "Хонаи хурдакак", филми норвежии "Ба тартиби гумшавӣ" (коргардон Ҳанс Петтер Моланд) пешкаш шудаву ҳар кадоме аз ин филмҳо муддаии ҷоизаанд.

ххх

zemfira-4545656Сарояндаи машҳури мусиқии эстрада Земфира аз он ки бидуни ризояташ таронаи ӯро дар маъракаи ифтитоҳи Олимпиадаи Сочӣ истифода кардаанд, изҳори норозигӣ кард. Дар сомонаи шахсии сароянда ҳанӯз рӯзи ҷумъа ин хабар паҳн шуда буд, ки "Земфира истифодаи сурудаш "Мехоҳӣ"-ро иҷозат надодааст". "Шабакаи аввал бидуни машварат ва сарфи назар кардани хоҳиши ман ин таронаро истифода кардааст.

Ин як беназмӣ ва нақзи ҳуқуқи муаллиф аст",-навиштааст Земфира. Моҳи декабри соли гузашта сарояндаи машҳур дар сӯҳбат бо рӯзномаи "КоммерсантЪ" гуфта буд, ки мехост дар маъракаи ифтитоҳи Олимпиада ширкат кунад ва бо ин дархост шахсан ба ташкилкунандагони он муроҷиат карда буд. Вале баъдан аз онҳо посухи рад гирифт. То ба ин лаҳзаҳо Шабакаи якуми телевизиони Русия ба изҳороти Земфира вокуниш нишон надодааст, вале журналист Антон Красовский дар саҳифаи Фейсбуки худ гуфтааст, ки истифодаи таронаи Земфира тибқи қонунҳои ҷории Русия нақзи ҳуқуқи муаллиф нест.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi