00:17:29 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Шӯҳрат Қудратов гуфт, ба ҳеч куҷо нахоҳад гурехт

Додгоҳи шаҳри Душанбе қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавсиро, ки Шӯҳрат Қудратовро ба ду моҳ ба ҳабси пешакӣ маҳкум кардааст, бетағйир боқӣ гузошт.

shuhrat-qudratov-45854112Дар ҳоле ки вакилони мудофеи Шӯҳрат Қудратов дар аризаи худ қонунмандии боздошти шахси зери ҳимояи худро зери шубҳа гузошта, тағйири чораи нигаҳдории ӯро ба ҳабси хонагӣ ё ваъдаи тарк накардани ҷои истиқомат дархост намуд, Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми ҳабси думоҳаи Қудратовро бетағйир боқӣ гузошт. Ин ҳукмро рӯзи 23-юми июл Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ бароварда буд.

Шӯҳрат Қудратов рӯзи 21 июл аз тарафи кормандони Оҷонсии зидди коррупсия бо иттиҳоми гирифтани пора ва қасди расондани он ба додрас дастгир шуд. Вай ҳамчун вакили мудофеи вазири собиқи саноат Зайд Саидов бо муфаттишони ин оҷонсӣ дар ҳоли "муборизаи ҳуқуқӣ" қарор дошт ва пеш аз ӯ вакили дигари Зайд Саидов Фахриддин Зокиров низ аз ҷониби ин ниҳод бо иттиҳоми "қаллобӣ" боздошт шуда буд.

Зимни мурофиаи баррасии шикояти вакилони Шӯҳрат Қудратов дар додгоҳи шаҳри Душанбе Раҳматулло Зоҳиров, гуфт, ки ки Амир Суламаев. зерҳимояи Қудратов, чанд моҳи пеш яке дигар аз вакилони дифоъи худро бо чунин айбе ба истилоҳе "подстава" кардааст. Ҷаноби Зоҳиров, ки гуфт, ки бо он ки Шӯҳрат Қудратов таҷрибаи даҳ солаи вакили дифоӣ дорад, ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонист ба чунин "подстава" дода шавад.

Аз сӯи дигар Зоиров гуфт, ки ҳангоми баёнот додан Ш. Низомов, додрасе, ки Шӯҳрат ба пора додан ба ӯ айбдор дониста мешавад, гуфтааст, ки "ҳеҷ маслиҳате дар ин бора бо Шӯҳрат Қудратов сурат нагирифтааст ва Шӯҳрат низ ба ӯ пора надодааст." Бо назардошти ҳамин Шӯҳрат Қудратов, ҳамчун порадиҳанда дониста намешавад ва дар асл Амир Суламаев, шахси порадиҳанда ба шумор меравад," - гуфт  ҷаноби Зоиров.

Ҷаноби Зоиров бори дигар изҳор дошт, ки бо таваҷҷӯҳ ба он ки рӯзи гузашта марҳилаи тафтишотӣ анҷом гирифта ва айб расман нисбати Шӯҳрат Қудратов эълон шудааст, Шӯҳрат ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад ба ҷараёни таҳқиқ парванда таъсир гузорад ва ҳамин гуна бо назардошти он ки се фарзанди ноболиғ, падару модари бознишаста дорад ва ягона таъминкунандаи хонаовода мебошад, чораи дар озодӣ бо "берун нарафтан аз маҳалли зист" будани ӯ беҳтар аст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки худи Шӯҳрат низ ба ин шароит таъкид кард ва аз додгоҳ хост, ки додгоҳ ба ӯ имкони дар озодӣ буданро бидиҳад. Шӯҳрат бо исрор таъкид кард, ки бо дархости озодӣқасди фирорро надорад. Зеро вай гуфт, ки "агар ин гуна қасде медошт, аллакай соле пеш ин корро мекард, чун ба ӯ паёмакҳо ё СМС -ҳои таҳдидомез расида буд."

Ба ғайр аз парвандаи Зайд Саидов Шӯҳрат Қудратов дар чандин парвандаи дигари пурсарусадо аз ҷумла аз вазири собиқи умури дохилаи Тоҷикистон Ёқуб Салимов, Диловаршо Қосимов - гумонбари асосӣ дар қатли Холмӯъмин Сафаров, раиси идораи ҷангал ва язнаи президенти Тоҷикистон ва Ҷӯрабек Охунов, раиси ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр" ҳимоят кардааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi