15:09:27 22-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25
Внимание
  • Lack of access rights - File 'http:/scontent-arn2-2.xx.fbcdn.net/v/t1.0-0/c0.0.1117.294a/p600x600/91046110_3269520836411096_8955915738908983296_o.jpg'

Парванда алайҳи "қофила"-и 50 мошинаи тӯйи сарояндаи ҷавон

Алайҳи сарояндаи ҷавоне, ки барои овардани арӯсаш аз Кӯлоб ба Душанбе ҳудуди 50 мошини сабукравро ҷалб карда буд, парвандаи маъмурӣ боз шудааст.

tuy-arusi 65784512Шаҳриёр Давлатов, ки аз ӯ кормандони Бозорасии давлатии автомобилии Кӯлоб «сарояндаи ҷавон» ном мебаранд, рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта, 21-уми август бо теъдоди зиёди мошинҳо вориди шаҳри Кӯлоб шуда, ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт халал ворид мекунад.

Як манбаъ аз БДА-и Кӯлоб ба мо гуфт, аз дидбонгоҳи Олимтой дар ноҳияи Данғара мушоҳида шудааст, ки ҳамроҳ бо мошини ин сароянда ҳудуди 50 мошини дигар ҳамроҳ аст, аммо ҳангоми боздошт танҳо нисбат ба 6 ронанда парвандаи маъмурӣ ҳуқуқвайронкунӣ бо моддаи  328-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (Иштироки ронандагони воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати муштарак дар шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, ки ба ҳаракат дар роҳ халал мерасонанд ё ба бехатарии ҳаракат таҳдид менамоянд) боз шудааст.

Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ин манбаъ, тибқи Қонуни танзим ва расму оинҳо, танҳо 4 мошин барои барои бурдани арӯс иҷоза дода шудааст.

-Мо ба хотири исбот, ки дар туйи ин ҷавон мошини зиёд истифода шудааст, интизор будем, ки онҳо ба Гулбоғ, назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ мераванд ва он ҷо исбот кардани қонуншиканӣ осон буд. Аммо вақте мо дар кӯчаи Муҳамадиев ин мошинҳоро боздоштем, нисфи онҳо гурехт ва нисфи дигараш алоқамандии худ ба туйро инкор карданд. Ҳарчанд, маълум буд, ки ҳамаи онҳо дар ин тӯй иштирок доранд, вале на ҳамаи онҳоро исбот карда шуд,-гуфт, ин манбаъ.

Ба гуфтаи ин манбаъ, аз ин 6 мошини сабукрав мошини худи Шаҳриёр Давлатов ваколатнома надошт ва ҳоло дар БДА-и Кӯлоб нигаҳ дошта мешавад. Парвандаи маъмурӣ нисбат ба 5 мошини дигар ба додгоҳи маҳали зисти ронандагонаш ирсол шудааст. Ҳангоми хостгори низ кормандони БДА ин сарояндаро дар Кӯлоб боздошт карданд, ки барои сиёҳ кардани шишаи мошинаш иҷозатнома надоштааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi