02:51:33 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Додгоҳи Миср Ҳуснӣ Муборакро бегуноҳ эълон кард

Додгоҳи Миср рӯзи шанбе Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури пешини он кишварро аз иттиҳомҳои мушорикат дар куштори эътирозгарон дар соли 2011 ва фасод бегуноҳ эълон кард.

hosni-mubarak 65554545Ҳусни Муборак, президенти пешини Миср, ки барои куштори эътирозгарон ва фасод муттаҳам мешуд, аз сӯи додгоҳе дар Миср бегуноҳ шинохта шуд. Ӯ дар соли 2012 ба ҳабси абад маҳкум шуда буд, аммо дар додгоҳи таҷдиди назар аз иттиҳомоти воридшуда тоза баромад. Писарон, раиси муҳофизон, шаш фармондеҳи баландпояи муҳофизи ӯ ва дӯсти наздики Ҳусни Муборак, ки тоҷир аст, бегуноҳ дониста шуданд.

Дар соли 2011 ҳудуди 900 нафар аз эътирозгарони мисри давоми 18 рӯзи тазоҳурот кушта шуданд. Ин эътирозҳо саранҷом ба сарнагунии Ҳуснӣ Муборак анҷомид. Раиси додгоҳ эълом кард, ки бегуноҳии Ҳуснӣ Муборак аз иттиҳомоти воридшуда ба ин маъно нест, ки дар тӯли 30 соли раёсати ҷумҳурии худ аз фасод пок будаааст.

Ҳуснӣ Муборак ҳамакнун дар ҳоли сипарӣ кардани се сол ҳабси худ ба иттиҳоми фасод аст. Ӯ аз се сол пеш то ба ҳол дар зиндон аст ва ҳанӯз маълум нест аз ин ба баъд раҳо хоҳад шуд ё на. Додгоҳҳамчунин оқои Муборак ва вазири нафт дар ҳукумати ӯро аз иттиҳоми марбут бо парвандаи судури газ ба Исроил низ бегуноҳ шинохт. Аммо хабаргузории "Ройтерз" менависад, ки ҳукми содиршуда дар додгоҳ дар рӯзи шанбе, қобили таҷдиди назар хоҳад буд.

Ҳуснӣ Муборак дар соли 2011 ва пас аз 30 соли ҳукумат бар Миср аз қудрат барканор шуд. Барканории ӯ бо баргузории нахустин интихоботи озод ва демократӣ дар он кишвар сабаб шуд, ки Муҳаммад Мурсӣ, аз раҳбарони баладпояи гурӯҳи Ихвонулмуслимин" ба раёсати ҷумҳурӣ расид. Аммо як сол баъд Муҳаммад Мурсӣ тайи як табаддулоти низомӣ аз сӯи артиш барканор шуд ва ҳоло бо иттиҳомоте дар додгоҳ рӯбарӯ аст.

Додситонии Миср дар охирин нишасти додгоҳ, хостори судури ҳукми эъдом барои Муҳаммад Мурсӣ ба иттиҳоми "ҷосусӣ барои кишварҳои хориҷӣ" шуд. Абдулфаттоҳ Сисӣ, аз генералҳои артиши Миср дар даврони Ҳуснӣ Муборак, пас аз сарнагунии ҳукумати мунтахаби Муҳаммад Мурсӣ, қудратро дар даст гирифт.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi