20:48:35 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Баҳси 200 000 ҷои кории нав дар ҷаласаи ҳукумат

 

Ҷаласаи навбатии ҳукумати Тоҷикистон баъд аз як ҳафтаи маҷлиси васеъ баргузор шуд, ки дар пайи он Шерхон Салимзода барканор гардида, ҷои худро дар ихтиёри Юсуф Раҳмонов гузошт. Дар ҷаласаи навбатии ҳукумати Тоҷикистон мақомот муваззаф шудаанд, имсол 200 000 ҷойи кории нав муҳайё кунанд.

emomali-rahmon_45784512.jpgИн иқдом ба дунболи сахт шудани шароити кор дар Русия, поин рафтани қурби рубл ва бозгашти рӯзафзуни муҳоҷирон ба Ватан гирифта шудааст. Вале дар бораи ҷузъиёти ин масъала, ки оё аз кадом роҳ ва дар кадом минтақаҳо кишвар ин миқдор ҷойҳои нави корӣ ташкил хоҳад шуд, иттилое дар даст нест.

Ҷаласаиҳукумат субҳи 30 январи соли ҷорӣ таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон баргузор ва ба қавли мақомоти расмӣ, дар он масъалаи татбиқи нуктаҳои паёми солонаи президент ҳам матраҳ шудааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷаласа нақша ё барномаи “чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми раиси ҷумҳури Тоҷикистон зикр гардидаанд”, тасдиқ карда шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23 январи соли ҷорӣ дар “Кохи Сомон”-и шаҳри Душанбе паёми солонаи худ ба аъзои парлумонро ироа кард ва дар он аз камбуди барқ то гароиши сокинон ба ҳаракатҳои тундраву ташхиси пеш аз издивоҷи навҷавонон ҳарф зад.

Манбаъ мегӯяд, нақшаи мазкур аз 74 банд иборат буда, дар он соли оила эълон шудани 2015, таъсиси институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисоди Тоҷикистон, муҳайё кардани беш аз 200 000 ҷойи нави корӣ дар соли равон пешбинӣ шудаанд. “Сипас, ҳайати Кумитаи тадорукот оид ба таҷлили 25-солагии истиқлоли Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳо оид ба истиқболи ин сана, ки қариб аз 200 банд иборат аст, тасдиқ карда шуд”,-афзуд дафтари матбуоти президент.

Дар ҷаласаи навбатии ҳукумат баргузории чорабиниҳои дигар, ба мисли “тарғибу ташвиқи арзишҳои воло ва муқаддасоти таърихию фарҳангӣ, тарбияи ҳисси хештаншиносӣ ва ифтихору сарфарозӣ аз давлатдории миллӣ ва баланд бардоштани масъулияти ватандории насли ҷавони кишвар” ҳам баррасӣ шудааст.

Ин ҷаласа ҳамагӣ баъд аз як ҳафтаи маҷлиси васеи ҳукумати Тоҷикистон баргузор мешавад, ки дар он гузориши раҳбарони ниҳодҳои давлатӣ шунида шуда, масъалаи нафақаи маъюбӣ ва осмонии бархе аз мақомдорони тоҷик баҳс ва сипас расонаӣ шуд. Дар пайи ин маҷлис Шерхон Салимзода, аз мақоми додситони кулли Тоҷикистон барканор шуда, ҷои худро ба Юсуф Раҳмонови 49-сола дод. Оқои Раҳмонов то замони таъин шуданаш ба ин мақом муовини аввали раиси Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон буд.

Зоҳиран то моҳи марти соли ҷорӣ, то замони оғози интихоботи парлумонии Тоҷикистон, ки баъзе аз раҳбарони идораҳои давлатӣ аз тарафи Ҳизби халқӣ-демократӣ номзад ба мақоми вакили Маҷлиси Намояндагон шудаанд, тағйироти кадрӣ идома хоҳад кард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi