03:39:37 03-уми Июни 2025 сол

Ҳадяи ИМА ба қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон

Бахши байналмилалии назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА (INL) ба Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хаймаҳои ҳарбӣ ва воситаи нақлиётро ҳадия намуд.

1-qushunhoi-sarhadi_2145544.jpgИн ҳадия, ки арзишаш тақрибан 100 000 доллари амрикоӣ мебошад, иқтидори техникии Қӯшунҳои сарҳадиро дар таъмини бехатарии сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд хоҳад кард, омадаст дар пресс-релизи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон.

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тасмим гирифтааст, ки дастгирии сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва адлияи Тоҷикистонро идома дода, бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амнияти ҳамаи шаҳрвандони он ҳамкорӣ хоҳад кард.

2-qushunhoi-sarhadi_2145544.jpgАз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи беш аз 1 миллиард доллари амрикоӣҷудо намудааст.

“Рӯзгор”

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854