21:50:46 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ифтитоҳи мактаб дар деҳаи Ҷилга

Намояндагони Сафорати ИМА ва раиси ноҳияи Шуробод Амирхон Икромзода дар маросими ифтитоҳи мактаби нав дар деҳаи Ҷилгаи ноҳияи Шурободи вилояти Хатлон иштирок доштанд.

1_jilga_1245.jpgАз соли 2011 Сафорати ИМА бо роҳбарияти ноҳияи Шуробод бо мақсади сохтани мактаб дар деҳаи Ҷилга ҳамкории наздик дошт. Мактаби нав ба кӯдакони деҳаҳои атрофу дурдаст барои гирифтани маълумот имконияти зарурӣ фароҳам овардааст. Акнун мактаби нави деҳаи Ҷилга метавонад 350 кӯдакро, ки ба маълумот дастрасӣ надоштанд, фаро гирад.

2 jilga 1245Ифтитоҳи мактаби нави деҳаи Ҷилга шаҳодати яке аз роҳҳои зиёде, ки Ҳукумати ИМА бо Раёсати маорифи ноҳияи Шуробод ҷиҳати баланд бардоштани сифати зиндагию маълумоти хонандагони ноҳия ҳамкорӣ намудааст.

Тибқи иттилои Сафорати ИМА дар Тоҷикистон аз соли 1992 то ин ҷониб, Амрико маблағи зиёда аз 1 миллиард доллари амрикоиро барои барномаҳо ва кӯмаки башардӯстона ҷиҳати дастгирии ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисоди Тоҷикистон ҷудо намудааст.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi