03:40:36 03-уми Июни 2025 сол

Вохӯрии Неъматуллоҳ Эмомзода бо Ҳамид Читчиён

Неъматуллоҳ Эмомзода, сафири  Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон 3 бо Ҳамид Читчиён, Вазири неру ва Ҳамраиси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон дидору мулоқот баргузор намуд.

safiri-eron 8965454545Зимни мулоқот Сафири Тоҷикистон масъалаҳои зеринро дар робита ба рафти иҷрои бандҳои ҷаласаи 10-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эронро (02.09.2014) ба миён гузошт: рафти баррасии Барномаи муштараки давлати ҶТ ва ҶИЭ дар мавриди ҳамкориҳои дарозмуддати тиҷоратию иқтисодӣ барои солҳои 2015-2020; ташкили ҷаласаи Кумитаи пайгирӣ; сафари расмии Вазири кишоварзии ҶТ ба ҶИЭ; сафари кории мутахассисони тоҷик барои боздид аз паркҳои илмию фанноварии Исфаҳон, Табрез ва Теҳрон; таҳсили донишҷӯёну мутахассисони тоҷик дар бахшҳои маъдан ва металлургия; ташкили Кумитаи муштараки ҳамкориҳои омузиши геологӣ; омузишҳои фаннии мутахассисони заминшинос; давраҳои омӯзишӣ дар бахшҳои чорводорӣ, занбури асалпарварӣ, паррандапарварӣ ва моҳипарварӣ.

Мувофиқа ҳосил шуд, ки ҷиҳати баррасӣ ва пешрафти тавофуқоти дар Протокол инъикосгардида, ҷаласаи коршиносони соҳаҳо бо иштироки кормандони масъули намояндагӣ баргузор гардад. Ҳамчунин, барои нишасти Кумитаи пайгирии Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва фарҳангии ҶТ ва ҶИЭ дар наздиктарин фурсат даъватномаҳо ирсол хоҳад гардид.

“Рӯзгор” 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854