20:11:18 01-уми Июни 2025 сол

Бритониё Путинро таҳдиди воқеӣ барои кишварҳои назди Балтик хонд

Вазири дифои Бритониё гуфтааст, Русия хатари воқеӣ барои кишварҳои назди Балтик ба шумор меравад ва НАТО барои муқобила бо ҳамлаҳои эҳтимолӣ ба ин кишварҳо, омода мешавад.

vladimir-putin_45896556.jpgМайкл Фаллон, вазири дифои Бритониё гуфтааст, Русия барои Эстония, Латвия ва Литва як хатари воқеӣ ба шумор меравад ва аз омодагии паймони НАТО барои муқобила бо ҳамлаҳои эҳтимолӣ ба ин кишварҳо, хабар додааст.

Вазири дифои Бритониё афзудааст, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия метавонад аз шеваҳо ва тактикаҳои пинҳонӣ барои ноамн кардани кишварҳои назди Балтик, ки акнун муттаҳидони шарқии НАТО ба шумор мераванд, истифода кунад. Дар вокуниш, вазорати дифои Русия суханони вазири дифои Бритониёро дур аз ахлоқи дипломатӣ донист ва гуфт, таҳдиди Русия ба ин кишварҳо "афсона" аст.

Вазири дифои Бритониё ба рӯзномаҳои Taimз ва Daily Telegraph гуфтааст, "ман дар мавриди Путин нигаронам. Хатари воқеӣ ва айнӣ дар баробари ин се кишвар вуҷуд дорад. Русия дар ҷустуҷӯи такрори равишҳое дар кишварҳои назди Балтик аст, ки барои нооромӣ дар шарқи Украина ва Қрим аз он истифода мекард". Вазири дифои Бритониё гуфтааст, "ман дар бораи фишори Путин ба кишварҳои назди Балтик ва равише, ки ӯ барои озмоиши НАТО дар пеш гирифтааст, нигаронам."

Ҷаноби Фаллон афзудааст, ки НАТО бояд барои муқобила бо ҳар навъ таҷовузи Русия омода бошад. Вазири дифои Бритония ин суханонро замоне гуфт, ки Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина аз Шӯрои амният ва дифои кишвараш хост, то ба ҳузури нерӯҳои ҳофизи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид мувофиқат кунад. Аммо ҷудоиталабони тарафдори Русия мегӯянд, ки ин пешниҳод нақзи созишномаи сулҳ аст.

Оқои Фаллон ҳамчунон дар бораи фаъолияти нерӯҳои ҳавоии Русия дар наздикии ҳарими ҳавоии Бритониё ишора кардааст. Вазорати дифои Бритониё рӯзи гузашта гуфта буд, ки ҳавопаймоҳои ҷангии он кишвар, ду ҳавопаймои ҷангии Русияро дар наздикии соҳилҳои Бритониё мушоҳида карданд, ки барои он кишвар аз ҷиҳати стратегӣ муҳим мебошанд. Аммо ба гуфтаи вазорати дифои Бритониё, ин ҳавопаймоҳо вориди ҳарими ҳавоии Бритониё нашудаанд.

Равобити Бритониё бо Русия аз оғози бӯҳрони Украина рӯ ба тирагии бештар ниҳодааст. Лондон яке аз мунтақидони сахти Путин буда ва мегӯяд, ки Иттиҳодияи Аврупо бояд таҳримҳои бештар алайҳи Русия ҷорӣ намояд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854