01:50:34 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳалокати 3 нафар дар зери тарма

Бар асари об шудани барф дар роҳҳои кӯҳистонии Тоҷикистон як мошин зери тарма монда, боиси марги 3 нафар шудааст. Бино ба хабарҳо, дар рӯзҳои поёни ҳафта дар роҳҳои Тоҷикистон як мошин зери тарма монда, бар асари он 3 нафар ҷон бохтаанд.

tarma_45615454.jpgБа гуфтаи мақомотиҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, ин 3 танр бар асари зери тарма мондани мошини сабукрав дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд ҷон додаанд. Ба гуфтаи мақомоти умури фавқулодда, фалокат дар ноҳияи Айнӣ дар наздикии ағбаи Шаҳристон субҳи 22 феврал рух дода, як мошини навъи "Howa" аз баландии 330 метр сарозер шудааст. Ҳам ронанда ва ҳам ҳарду мусофираш сокинони шаҳри Хуҷанд будаанд.

93 дарсади қаламрави Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва ҳар сол дар роҳҳои манотиқи кӯҳистонии ин кишвар даҳҳо нафар бара сари фуромадани тарма ҷон медиҳанд. Вале ду ҳодисаи охире, ки сабаби марги 6 нафар дар кӯҳистони Бадахшону Зарафшон шуд, нахустин мавридҳои ҳалокати афрод дар зери тарма дар соли ҷорист.

Бо ин ҳол, роҳҳои Душанбе-Хоруғ ва Мурғоб- Ишкошим бар асари барфрезиҳои зиёд ва тармафароӣ дар чанд қисмат масдуд шудаанд. Вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, ин ду масир рӯзи 24 феврал боз хоҳад шуд. Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, рӯзи 23 феврал дар сӯҳбат бо мо гуфт: “Феълан мутахассисони вазорат дар Бадахшон ҳастанд ва бо истифода аз ҳамаи техника кӯшиш доранд, роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ ва Мурғоб-Ишкошимро то рӯзи дигар боз намоянд.”

Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон мегӯяд, кормандони онҳо мардумеро, ки дар мавзеъҳои таҳти хатар қарор доранд ва ҳар лаҳза тарма метавонад ба онҳо осеб бирасонад, ба ҷойҳои амнтар интиқол медиҳанд. Дар ҳоли ҳозир ҳаракати мошинҳо дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ номумкин шудааст ва дар баъзе нуқтаҳо тармаҳои баландиашон то 3 метр фаромадаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi