17:55:37 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Раиси пешини “ТоҷикЭйр” аз “ИмрӯзNews” ба додгоҳ шикоят бурд

Ҳокимшо Тиллоев, собиқ раиси ширкати “ТоҷикЭйр”, алайҳи рӯзномаи “ИмрӯзNews” ба додгоҳ шикоят бурдааст.

imruz-news_895647854.jpgНазири Нусрат, сармуҳаррири рӯзномаи “ИмрӯзNews”рӯзи чоршанбеи 15 апрел дар сӯҳбат ба мо гуфт, ки охири ҳафтаи гузашта аз додгоҳи шаҳри Ваҳдат унвонии нашрия бо имзои додрас Қурбонзода Қ.С. даъватнома ворид гардид, ки интизор меравад, мурофиа рӯзи 21-уми апрел баргузор шаванд.

Ба гуфтаи Назири Нусрат, Ҳокимшо Тиллоев, собиқ раиси ширкати “ТоҷикЭйр” рӯзномаи “ИмрӯзNews”-ро дар иртибот ба нашри матлабе дар моҳи июли соли гузашта таҳти унвони “Моро аз Ҳокимшо Тиллоев наҷот диҳед” ба додгоҳ кашондааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки беш аз ду сол аст, ки собиқ раиси ширкати “ТоҷикЭйр” бо сокинони ноҳияи Варзоб – Раҷабова Санавбар, Раҷабов Раҷабалӣ ва Раҷабов Муродалӣ баҳси молумулкӣ дорад.

Ҷаноби Нусрат мегӯяд, маълум гардид, ки ҳангоми сохтмони роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ ба шаҳрвандон Раҷабова Санавбар, Раҷабов Раҷабалӣ ва Раҷабов Муродалӣ дар ҷойи дигар қитъаи замин дода, замини қаблии онҳоро барои сохтмони роҳ истифода мекунанд.

Бахше аз ин замин тӯҳфаи президент Эмомалӣ Раҳмон ба ин сокинон ҳам будааст, ки ба гуфтаи ин шаҳрвандон, Ҳокимшо Тиллоев мехост онро харидорӣ кунад. Чун муваффақ нашуд, мехоҳад тавассути додгоҳ ин корро ҳал кунад. Аммо чанд зинаи додгоҳ даъвои Ҳокимшо Тиллоевро рад кардааст.

Ба таъкиди Назири Нусрат, пас аз чанд рӯзи нашри матлаби “Моро аз Ҳокимшо Тиллоев наҷот диҳед”, вокуниши ҷониби Ҳокимшо Тиллоев ҳам дастрас шуд, ки он дар ду шумора нашр гардид. Аммо ба гуфтаи Назири Нусрат, моҳи августи соли гузашта Ҳокимшо Тилоев ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ муроҷиат карда, аз ин шаҳрвандон 200 ҳазор сомонӣҷуброн талаб кард.

Дар аввал ин баҳс дар баррасии собиқ додраси додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шерзод Низамов (ҳамоне ки соли 2013 “ИмрӯзNews”-ро 50 ҳазор сомонӣҷарима баст) қарор дошт. Аммо ба далели нобоварӣ ба додрас, баҳс ба додгоҳи шаҳри Ваҳдат ирсол шуд.

Аммо Иноят Иноятов, намояндаи ваколатдори Ҳокимшо Тиллоев, ба таърихи 3 апрели соли ҷорӣ бо ирсоли ариза дар бахши талаби даъво, даъвои худро қисман тағйир дода, аз додгоҳ талаб кардааст, ки “ИмрӯзNews” раддия нашр кунад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба таъкиди Назири Нусрат -- сармуҳаррири нашрияи “ИмрӯзNews”, бо таваҷҷӯҳ ба он, ки қаблан вокуниши Ҳокимшо Тиллоев, раиси собиқи “ТоҷикЭйр” ба матлаби “Моро аз Ҳокимшо Тиллоев наҷот диҳед” чоп шудааст, ҳамакнун ҳоҷат ба нашри дубораи раддия нест.

Иноят Иноятов дар гузашта масъулияти адвокатӣ ё вакили дифои бархе аз расонаҳои Тоҷикистонро бар дӯш доштааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi