15:54:04 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Генерал Мамадаёз Навҷувонов даргузашт

Генерал Мамадаёз Навҷувонов, ки аз соли 1989 то 1992, оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон вазири корҳои дохилии кишвар буд, аз дунё даргузаштааст.

navjuvonov-784545.jpgГенерал Мамадаёз Навҷувонов, вазири собиқи корҳои дохилии Тоҷикистон, баъд аз зӯҳри 28 июл дар Душанбе даргузаштааст. Яке аз наздиконаш дар сӯҳбат ба мо гуфт, ки ҳоло ҷасади ӯро ба зодгоҳаш деҳаи Боғеви ноҳияи Шуғнон интиқол додаанд.

Мамадаёз Навҷувонов соли 1942 дар деҳаи Боғеви ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омад ва пас аз хидмати ҳарбӣ дар соли 1966 Омӯзишгоҳи олии ҳарбии ба номи Дзержинскийи Саратовро хатм кард. Соли 1979, баъд аз хатми Омӯзишгоҳи олии ҳарбӣ-сиёсии Ленинград ба Тоҷикистон фиристода шуд.

Дар ин ҷо аз фармондеҳи дастаи нерӯҳои умури дохилӣ то вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Шӯравӣ расид. Давраи вазирии ӯ, солҳои 1989 – 1992 ба мушкилтарин марҳилаҳои Тоҷикистон, замони нооромиҳои сиёсӣ ва оғози ҷанги дохилии солҳои 1992-1997 рост омад.

Номи Навҷувонов бештар дар робита бо оғози тазоҳуроти давомдор дар майдони "Шаҳидон" ёд мешавад. Баъд аз раисиҷумҳур интихоб шудани Раҳмон Набиев дар зимистони соли 1991, тарафдорони ӯ дар ҳукумат ба “поккорӣ”-и сар карданд ва пеш аз ҳама шаҳрдори Душанбе Мақсуд Икромов ва вазири умури дохилӣ Мамадаёз Навҷувонов, ки аз тарафдорони мухолифон ба шумор мерафтанд, ҳадаф қарор гирифтанд.

Дар ҳоле ки додситони кулли вақт Нурулло Ҳувайдуллоев ҳабси Икромовро дар толори парлумон талаб кард, раиси вақти парлумон Сафаралӣ Кенҷаев зидди Мамадаёз Навҷувонов маърака сохт ва ӯро ба хатоҳои зиёд айбдор намуд. Ин баҳс, ки ҳамчунин тобиши таҳқиромезе нисбат ба Навҷувонов дошт, дар телевизион намоиш дода шуд ва даҳҳо нафар аз ҷавонони бадахширо ба майдони тазоҳурот кашонд.

Дертар ҳизбу ҷунбишҳои сиёсӣ ба он пайвастанд ва чанде баъд дар майдони "Озодӣ" муқобилони ин тазоҳурот гирд омаданд ва рӯёрӯӣ оқибат ба ҷанги дохилӣ расонд.

Худи Навҷувонов дар яке аз мусоҳибаҳояш бо мо дар соли 1998 гуфта буд, ки аз рӯзи таъин шуданаш ба мақоми вазири умури дохилӣ як рӯзи ором надошт.

Дар соли 1989 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрде ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷаи он як шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд, соли 1991 Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳам рехт ва соли 1992 ҷанги дохилӣ оғоз гирифт. Дар тобистони соли 1992, баъд аз шурӯи даргириҳо дар водии Вахш Мамадаёз Навҷувонов нахустин гуфтушуниди тарафҳоро дар Хоруғ созмон дод ва дар ин ҷо протоколи оташбас ва халъи силоҳ ба имзо расид, аммо татбиқ нагашт.

Дар давраи ҷанги дохилӣ Мамадаёз Навҷувонов асосан дар Бадахшон ба сар бурд ва танҳо соли 1998 ба Душанбе баргашт.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi