22:35:36 08-уми Июни 2025 сол

Иштирокчиёни муҳорибаҳои Ироқу Сурия дар кофтукови байналмилалианд

Шахсияти  қариб ҳамаи нафарони дар муҳорибаҳои ҷангии давлатҳои Ироқу Сурия иштирок дошта муайян карда шуда, парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, нисбат ба онҳо кофтукови байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.

Прокурори генералии ҶТ Раҳмон Юсуф Аҳмадзод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки  дар натиҷаи чораҳои андешида 1032 бинои қаблан ба сифати масҷиди ғайрирасмӣ фаъолиятдошта ба ҷойҳои ҷамъиятӣ ва марказҳои фарҳангию фароғатӣ табдил дода шуданд.

Мақомоти прокуратура бо назардошти шиддатнокии болоравии қурби асъори хориҷӣ баҳри таъмини назорати иҷрои қонунгузорӣ дар ин самт бо ҷалби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Бонки миллӣ санҷишҳои муштарак гузаронида, 606 ҳолати қонунвайронкуниҳоро ошкор карда, 70 парвандаи ҷиноятӣ ва 536 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро оғоз намуд.

АМИТ «Ховар» 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854