00:24:27 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

М.Убайдуллоев: «Мо аз дастовардҳои Эрон хушнуд ҳастем»

«Мо аз дастовардҳо ва афзудани нуфузи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамеша хушнуд ҳастем»,- гуфт Маҳмадсаид Убайдуллоев-раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот бо доктор ҒуломалӣҲаддоди Одил - раиси комиссияи Маҷлиси Шӯрои Исломӣ,  раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон.

Маҳмадсаид Убайдуллоев ташрифи ҳайати эрониро ба Тоҷикистон таҳти роҳбарии ҒуломалӣҲаддоди Одил ҷиҳати густариши робитаҳои мутақобилан судманди Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон  нек арзёбӣ намуд. Раиси Маҷлиси миллӣ зикр кард, ки ҳарду кишвари дӯст имкон доранд дар марҳилаи феълии муносибатҳо аз имконоти мавҷуда истифода намуда, амалисозии барномаҳои муштараки парлумонӣ ва иқтисодию тиҷоратиро таҳким бахшанд. М. Убайдуллоев таъкид кард, ки Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси Шӯрои Исломӣ доимо дар робита буда, баҳри густариши робитаҳои байнипарлумонӣ тадбирҳои судманд меандешад.

-Дар ин самт нақши гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории ҷонибҳо муассир буда, итминони комил дорем, ки саҳми он дар оянда боз ҳам тақвият хоҳад ёфт,- гуфт раиси Маҷлиси миллӣ

Доктор ҒуломалӣҲаддоди Одил дар навбати худ ба сатҳи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон, хусусан муносибатҳои байнипарлумонӣ баҳои баланд дод. Мавсуф афзуд, ки Эрон омода аст дар тамоми соҳаҳо бо Тоҷикистон ҳамкории судманд дошта бошад.

Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифт.

Бояд тазаккур дод, ки ҒуломалӣҲаддоди Одид ҷиҳати ширкат дар конфронси байналмилалии марбут ба масъалаҳои истилоҳот ва вожасозӣ бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф овардааст.

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi