14:33:57 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Вохӯрии Сироҷидин Аслов бо Абдул Қодир Балуч

30 июли соли 2015 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазири федералӣ оид ба масъалаҳои вилоятҳо ва минтақаҳои марзии Ҷумҳурии Исломии Покистон Абдул Қодир Балуч, ки барои иштирок дар ҷаласаи машваратии минтақавӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣҷиҳати омодагӣ ба Саммити ҷаҳонии башардӯстона дар шаҳри Душанбе қарор дорад, мулоқот намуд.

Дар ҷараёни суҳбат самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба дар заминаҳои мухталиф ва роҳҳои татбиқи тавофуқҳое, ки дар натиҷаи музокироти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон моҳи июни соли 2015 дар Душанбе ҳосил шуданд, мавриди баррасӣқарор гирифтанд.

Ҳамчунин дар атрофи масъалаҳои минтақавӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар карда шуд.

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi