19:06:40 08-уми Июни 2025 сол

Ҳалокати 3 нафар дар садамаи нақлиётӣ

Ронандаи мошини тамғаи Мерседес-Бенс, сокини 63-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз   кӯчаи Сомониён ба самти ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи мазкур аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол - писарчаи 2-сола ва марди 29-солаи сокини ҳамин ноҳияро пахш намуда, баъдан ба канори роҳ баромада, мошинро чаппа намудааст.

Дар натиҷа худи ронанда, мусофири 60-сола ва пиёдагарди хурдсол ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд. Инчунин пиёдагарди дигар ва мусофири дохили мошин марди 59-сола, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854