02:35:45 27-уми Июни 2025 сол

Ҳалокат дар натиҷаи чаппа шудани мошин ба чуқурии 500 метр

Ронандаи мошини «Хундай-Галопер», сокини 30-солаи ноҳияи Тавилдара рузи 4 август ҳангоми ҳаракат дар мавзеи пуштаи Чошт-и ноҳияи мазкур, мошинашро ба чуқурии 500-метр чаппа намудааст.

Тавре ки аз хадамоти мабуоти ВКД иттилоъ доданд, дар натиҷаи он  ронанда ва мусофири дохили мошин, сокини 29-солаи ҳамин  ноҳия ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Дигар мусофирон марди 27-сола, писарчаи 7-сола ва ҷавони 17-сола ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.

АМИТ «Ховар» 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ