04:06:53 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ошкор шудани 334 ҳолати воридоти ғайриқонунии молҳои зераксизӣ

Дар нимсолаи аввали соли равон Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ, шоҳроҳҳо ва нуқтаҳои савдои ҷумҳурӣ рейдҳои алоҳида ва муштарак бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронида, 334 ҳолати воридоти ғайриқонунии молҳои зераксизиро ошкор кардааст.

Бино ба иттилои Хадамоти мазкур аз ин миқдор 11 ҳолати воридоти ғайриқонунии  маснуоти заргарӣ, 61 ҳолат маҳсулоти спиртӣ, 41 ҳолат маҳсулоти тамоку, 130 ҳолат сўзишворӣ ва 91 ҳолат дигар молҳои зераксизӣ мебошанд.

Дар натиҷаи рейдҳои муштарак воридоти ғайриқонунии телефонҳои мобилӣ 6200 адад, ангиштсанг 1561 тонна, нуриҳои минералӣ 1024 тонна, семент 1044 тонна, маҳсулоти қаннодӣ 9294 кг, лампаҳои тафсон 42650 адад, меваи тар 25933 кг, доруворӣ 32867 дона, матоъ 15.785 метр, чорвои зинда 13 сар ва маводи хўрока 350 тонна ошкор карда шуда, ба маблағи 504,6 ҳазор сомонӣҷарима ва 1603 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ба буҷаи давлат ситонида шудааст.

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi