19:24:43 08-уми Июни 2025 сол

Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

«Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ замони ӯ ва нақши он дар тамаддуни Осиёи Марказӣ» таҳти чунин сарлавҳа 5-6 сентябри соли равон ба ифтихори 700 -солагии мутафаккири бузурги Шарқ дар Душанбе симпозиуми байналмилалӣ баргузор мегардад.

Дар симпозиум донишмандону муҳаққиқон ва ҳамадонишиносони маъруф аз кишварҳои Русия, Амрико, Фаронса, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Ӯзбекистон ширкат варзида, маърӯза хоҳанд кард.

Бино ба иттилои Аскаралӣ Раҷабов -котиби масъули баргузории симпозиуми мазкур ба ифтихори ҷашни 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 5 сентябр дар Душанбе маҷлиси тантанавӣ баргузор гардида, интизор аст, ки дар он Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намояд. 

6 сентябр симпозиуми байналмилалӣ дар шаҳри Кӯлоб идома ёфта, меҳмонон оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро, ки дар ин шаҳр воқеъ аст зиёрат намуда, ёдгориҳои қадимаи Ҳулбукро тамошо хоҳанд кард.

Бояд тазаккур дод, ки симпозиуми байналмилалӣ бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ҳадафаш омӯзиши паҳлӯҳои мероси пурғановати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, таҳқиқи замони шоир, нақши ин мутафаккир дар рушди тамаддуни Осиёи Марказӣ ва Ҳинд мебошад.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854