18:03:36 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Эмомалӣ Раҳмон: “Хайроту садақот ба ниёзмандон бояд дод, на ба ходимони дин”

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни маҷлиси васеи Ҳукумати ҷуҳурӣ оид ба ҷараёни бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ дар ВМКБ ва дигар минтақаҳо ба роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорони бонуфуз ва тамоми мардуми саховатпеша муроҷиат намуда, таъкид дошт:

“Ана ин ҷост ҷойи хайроту садоқот. Ҳар ки мехоҳад хайру садақа анҷом диҳад ва аз аҷру савоби беандозаи худованд бархӯрдор бошад, дасти кумаки худро ба осебдидагони офатҳои табиӣ дар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар ноҳияҳои осебдида дароз кунанд”.

АзраисиШӯроиуламоиМарказиисломииТоҷикистонСаидмукаррамАбдуқодирзодаталабкардашуд, кибакӣравобуданихайрусадақаробамардумдурустфаҳмонанд. “Хайру садақа на ба олимону ходимони дин, балки ба мардуми камбизоату ниёзманд бояд дода шавад”, -таъкид дошт Сарвари давлат.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқоту дидорҳои самимии худ бо мардуми аз офати табиӣ осебдидаи Бадахшон ёдовар шуда, аз ҷумла таъкид дошт: “Тасаввур кунед, ки оилаҳои хонаҳояшон пурра харобгардида, натанҳо аз хонаю дар, балки аз тамоми ашёи рӯзгор ва ҳамаи дороиҳои тамоми умр гирдоварда ва аз гузаштагонаш меросмондаро аз даст додаанд”.

Аз Саидмукаррам Абдуқодирзода ва дигар ходимони дин ҳамчунин талаб карда шуд, ки ба маъракаю маросимҳои мансабдорону соҳибкорон ва умуман сарватмандон нараванд, балки дар маросими мотаму азодории хонаводаҳои оддӣ иштирок намуда, онҳоро дилбардорӣ кунанд, то ки аҷру савоби бештар дарёфт кунанд.

АМИТХовар



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi