06:54:05 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

"Хандаи ҳусн"-и Хатлон ва тарғиби пироҳанҳои миллӣ

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа озмуни "Хандаи ҳусн" ба поён расид, ки ҳадафи он ташвиқи занон ба пӯшидани пироҳанҳои миллӣ ва парҳез аз "либосҳои бегона" буд.

khandai-husn-985645.jpgДар шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази вилояти Хатлон аз озмуни "Хандаи ҳусн"-ро натиҷагирӣ карданд, ки дар миёни бонувони 25 шаҳру навоҳии вилоят эълон шуда буд. Дар озмуни мазкур, духтарони вилоят, либосҳои суннатии тоҷикиро ба намоиш гузоштанд, ки ба гуфтаи мақомот, аз ҳар гуна либосҳои “бегона” беҳтар аст.

Санавбар Самиева, сардори идораи кор бо занон ва оилаи ҳукумати вилоят гуфт, ин озмун бахшида ба Соли оила баргузор шуд ва ҳадафаш эҳёи либосҳои миллӣ ва ташвиқи занон барои ба бар кардани пироҳанҳои тоҷикӣ будааст. Мақомоти Тоҷикистон моҳҳои ахир бонувони кишварро ташвиқ доранд, аз пушидани "либосҳои бегона" ба мисли сатру ҳиҷоб парҳез кунанд, ки сабаби норозигии теъдоде аз мардуми мазҳабӣ шудааст.

Доварони озмуни "Хандаи ҳусн" аз миёни ширкатдорони озмун аз гӯшаҳои гуногуни вилоят, ҷойи аввалро ба бонувони шаҳри Қурғонтеппа, ҷойи дуввумро ба занони ноҳияи Хуросон ва ҷои саввум ба бонувони шаҳри Сарбанд сазовор донист. Видеои бидуни шарҳ аз ин озмунро инҷо бубинед.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi