23:34:58 02-уми Июни 2025 сол

АЗ БЕЭҲТИЁТӢ ДУНЁРО ПАДРУД ГУФТАНД

 

 Аз 1 то 8 июни соли равон дар ҳудуди шаҳри Душанбе 3 ҳодисаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 2 шаҳрванд ба ҳалокат расида 1 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошт. 

Тибқи иттилои сардори маркази матбуоти БДА подполковник Шерафган Латифов, 6 июни соли равон тахминан соати 14:20 ронандаи экскаватори тамғаи « Hyundai -11151» бе рақами давлатӣ, истиқоматкунандаи ноҳия Рудакӣ Шамсиддин Ҳалимов, ки ҳамзамон дар ҷамъияти саҳҳомии кушодаи коркарди замин фаъолият дорад, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи И. Сомонӣ аз тарафи кӯчаи Зарафшон ба тарафи кӯчаи Муҳаммадиев, дар рӯ ба рӯи хонаи истиқоматии рақами 2-и кӯчаи Испечак зани тахминан 20-25 солаи сокини маҳаллиро зер мекунад. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати сахти ҷисмонӣ гирифта дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. 

Инчунин 8 июн тақрибан соати 10:30 дар ноҳияи Шоҳмансур, ронандаи автомашинаи тамғаи « Mercedes-Benz», рақами давлатиаш ВО 58 19 РТ 01 Усмон Холов, истиқоматкунандаи шаҳри Норак ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Айнӣ аз тарафи кӯчаи Раҷабов ба тарафи кӯчаи Назаршоев дар рӯ ба рӯи хонаи 16 пиёдагард Роҳбарой Мансурова истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷ. Румии вилояти Хатлонро зер мекунад. Дар натиҷа ҷабрдида дар беморхонаи стансияи ёрии таъҷилӣ ба ҳалокат мерасад. Ба гуфти Шерафган Латифов, аз ҷониби шаҳрвандон дағалона вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ боиси ҳалокати худи онҳо гардид.

Жасмин Назарова, АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854