15:11:07 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳаргиз намирад он, ки дилаш зинда шуд ба ишқ

 

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун.

arbarali-sattorov-54894545.jpgАкбари Сатторро метавон дар қатори бунёдгузорони журналистикаи даврони соҳибистиқлолӣ, журналистикаи муосири тоҷик, махсусан матбуоти хусусӣ ном гирифт. Ӯ аз ҷумлаи он журналистоне буд, ки аввалин шуда дар журналистикаи тоҷик, дар матбуоти хусусӣ, иқдомҳои муҳим ва муфидеро роҳандозӣ кардааст, ки шояд баъдҳо бо зарҳал дар саҳифаҳои китоби таърих навишта шаванд.

Азҷумла нахустин рӯзномаи хусусии «Дайджест-пресс»-ро ба забони русӣ ва рӯзномаи «Чархи гардун»-ро ба забони тоҷикӣ таъсис дода ба нашр расондааст. Маҳз ҳамин рӯзномаҳо шавқу рағбати дар давраи ҷангу нооромиҳо азбайнрафтаи мардумро ба мутолиаи газетаҳо аз сари нав ба вуҷуд оварданд. Мардумро на танҳо аз сари нав рӯзномахон карданд, балки сари масъалаҳои муҳим ба фикру андеша водор мекарданд, ба барқарории сулҳу оромиш даъват мекарданд ва дар ин ҷода саҳми хубе доранд. 

Имрӯз дар миёни беҳтарин журналистони тоҷик нафареро пайдо карда наметавонед, ки замоне бо ин ва дигар нашрияҳои Акбари Саттор ҳамкорӣ накарда бошад. Нашрияҳои Акбари Саттор дар давраҳои вазнинтарини ҳаёти кишвар агар барои баъзе аз журналистони соҳибистеъдод ягона манбаи даромад ва роҳи халосӣ аз муҳоҷирати ногузири иқтисодӣ ва пайдо кардани қути лоямут дар Ватан буда бошад, барои журналистони ҷавон ва навёдгир мактаб буд, мактаби дониш, мактаби таҷриба, мактаби малакаи журналистӣ.

Фаъолияти Акбари Саттор ба ҳайси яке аз аввалин Раисони Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистони соҳибистиқлол, ба андешаи мо, бояд мавриди таҳқиқоти хосе қарор бигирад. Зеро дар ин самт ҳам Акбари Саттор корҳои зиёдеро анҷом додааст. Вале сад афсӯс, ки дасти марг гиребони орзуҳои рангину нақшаҳои зиёду муфиди ӯро низ пора кард. Ва аммо ҳаргиз намирад оне, ки бо шуғли худ, бо касби худ ишқ меварзид. Акбари Саттор азҷумлаи чунин касон буд. Дар ин маврид Ҳофизи бузургвор гуфтааст:

Ҳаргиз намирад он, ки дилаш зинда шуд ба ишқ,

Сабт аст бар ҷаридаи олам давоми мо.

Мо ҳайати эҷодии сомонаи «Рӯзгор» аз ин талафоти бузурги журналистикаи тоҷик андуҳгин буда, аз Худованди Таборак ва Таъоло дуъо мекунем, ки марҳумро ғариқаи раҳмату шоистаи ҷаннат гардонад, ба пайвандону бозмондагони ӯ сабри ҷамил бидиҳал ва онҳоро дар паноҳи исматаш аз балоҳои заминиву осмонӣ нигаҳбон бошад. Омин ё Раббалъоламин!

«Рӯзгор»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi