00:25:17 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Хабари таъҷилии ВКД Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита ба ҳамлаи мусаллаҳона ба шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат хабари таъҷилӣ интишор намуд.

vkd-tojikiston_5454.jpgДар ин хабар таъкид мешавад, ки ҳодисаи мазкур нисбати Умар Бобоҷонов ягон дахолат надорад. Гуфта мешавад, 4 сентябри соли 2015, соатҳои 04.28 дақиқа аз ҷониби гурӯҳи ҷинояткорон таҳти роҳбарии Абдуллоев Зиёвиддин ба Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат ҳуҷуми ногаҳонии яроқнок ба вуқӯъ пайваст, ки аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ зада гардонида шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар натиҷа, Абдуллоев Зиёвиддин ва як ҳаммаслакаш нобуд карда шуда, се нафари дигари ин гурӯҳи ҷиноятпеша ярадор гардидаанд.

Қаблан як манбаъ аз сохторҳои қудратӣ ба «Азия-Плюс» дар мавриди ин ҳодиса хабар дода буд, ки пеш аз ҳамла ҷинояткорон пинҳонӣ ба қаламрави яке аз қисмҳои ҳарбии воқеъ дар гардиши фурудгоҳ ворид шуда, миқдори зиёди силоҳи оташфишон ва тирҳоро бо худ бурдаанд ва маҳз бо ҳамин силоҳ ба шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат ҳамла сурат гирифта, кормнадони милиса кушта шудаанд.

Айни замон тамоми кормандони сохторҳои қудратии кишвар дар ҳолати омодабош қарор дошта дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе тадбирҳои пурзӯри амниятӣ андешида шудаанд.

Аз манбаъҳои муътамад ба «Азия-Плюс» маълум шуд, ки шоми дирӯз сокини 23-солаи шаҳри Ваҳдат, донишҷӯи Донишгоҳи Санкт-Петербург Умар Бобоҷонов дар бемористон ҳалок шудааст. Рӯзи 28 август Бобоҷонов барои ришмонӣ ба шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат оварда шуда буд.

Рӯзи 29 август Умар Бобоҷонов бо ҷароҳатҳои сершумор аз шуъбаи милиса ба шуъбаи эҳёгарии бемористони маҳаллӣ мунтақил гардид. Наздикони Бобоҷонов изҳор доштанд, ки барои ришмониаш кормандони милиса ӯро бераҳмона лату кӯб кардаанд. Аз рӯи далели лату кӯби Умар Бобоҷонов дар прокуратураи шаҳр парвнадаи ҷиноӣ боз шуд.

Бо супориши вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода дар робита ба ин ҳодиса тафтиши хизматӣ оғоз гардида, таҳти раҳбарии яке аз муовинони вазир гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ташкил гардид.

Вазири корҳои дохилӣ ба ин гурӯҳ супориш дод, ки дар доираи тафтиши хизматӣ гунаҳкоронро муайян намуад, онҳоро ба ҷавобгарӣ кашанд ва ҳамчунин ваъда дод, ки дар бораи натиҷаҳои ин тафтиш ба ВАО маълумот хоҳад дод.

«Азия-Плюс»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi