16:42:50 02-уми Июни 2025 сол

Мақомоти корҳои дохилии кишварҳои ИДМ тартиби табодули ахборро муҳокима карданд

Намояндагони вазоратҳои корҳои дохилии кишварҳои ИДМ ҷараёни амалисозии барномаҳои байнидавлатии мубориза бо ҷинояткорӣ дар самти технологияи иттилоотӣ, муқобилият ба дуздии воситаҳои нақлиётӣ, тартиби фаъолияти махзани маълумотҳои махсусро дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ВКД ИДМ мавриди баррасӣқарор доданд.

Ҷаласаи навбатӣ дар пойтахти Белорус - шаҳри Минск баргузор гардида, дар кори он муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламшозода Абдураҳмон, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ Абдуллозода Зумрад ва сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил Азизулозода Сафиало иштирок карданд.

Дар ҷаласаи Шӯрои ВКД-и ИДМ тартиби табодули ахбор миёни мақомоти корҳои дохилӣ (политсия) ва ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди гардиши навъҳои нави моддаҳои нашъадор низ, муҳокима гардид.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854