16:46:00 02-уми Июни 2025 сол

Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700 - солагии Ҳамадонӣ

«Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ: донишманд ва мутафаккири Шарқ» таҳти чунин унвон 5-6 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб ба ифтихори 700 -солагии шоир, ориф ва мутафаккири бузурги машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (1314-1386) симпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор мегардад.

ramzi-impozium_45654545.jpgДар симпозиум донишмандону муҳаққиқон ва ҳамадонишиносони маъруф аз кишварҳои Русия, Фаронса, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон ва Ӯзбекистон ширкат варзида, маърӯза хоҳанд кард.

6 сентябр симпозиуми байналмилалӣ дар шаҳри Кӯлоб идома ёфта, меҳмонон-донишмандон  оромгоҳ ва Осорхонаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва мақбараи Хоҷа Исҳоқи Хатлониро зиёрат намуда, аз Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Рӯдакӣ, Осорхонаи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, осорхонаи шоир Саидалӣ Вализода боздид намуда, ёдгориҳои қадимаи Ҳулбукро тамошо мекунанд.

Бояд тазаккур дод, ки симпозиуми байналмилалии илмӣ бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишвар баргузор гардида, ҳадафаш омӯзиши паҳлӯҳои мероси пурғановати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, таҳқиқи замони шоир, нақши ин мутафаккир дар рушди тамаддуни Осиёи Марказӣ ва Ҳинду Эрон мебошад.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854