19:34:47 24-уми Октябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Октябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ВКД: Тафсилоти ҳуҷуми мусаллаҳона

Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз 4-уми сентябри соли 2015, соати 04:28-дақиқа аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ ба Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат, инчунин дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷуми мусаллаҳона доир гардид. Дар натиҷа миқдори зиёди силоҳу муҳиммоти ҷангӣ аз ҷониби ин дастаи террористӣ тасарруф ва рабуда шуд.

siloh_41454546.jpgҲангоми ин амали ҷинояткорона 4 - нафар кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД ва 4 нафар кормандони Шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат ба ҳалокат расиданд. 

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби сохторҳои қудратии мамлакат муаяйн гардид, ки дастаи террористӣ аз тарафи генерал-майор Назарзода Абдуҳалим Мирзо (ҲоҷӣҲалим), муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, собиқ размандаи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини Тоҷикистон, ки тибқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз 27-уми июни соли 1997 ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида буд, дар асоси нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда ва маслиҳати қаблӣ бо ҳаммаслаконаш роҳандозӣ гардидааст.

Аснои амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷои истиқомат ва корхонаи нонпазии мансуб ба Назарзода Абдуҳалим Мирзо (ҲоҷӣҲалим), ҳамчунон ҳангоми дунболагирии ин дастаи терорристӣ дар мавзеъҳои Марғоби ноҳияи  Ваҳдат ва Мағмуруди ноҳияи Рӯдакӣ миқдори зиёди силоҳу лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.

Ҳангоми содир намудани амалҳои террористӣ Назарзода Абдуҳалим Мирзо (ҲоҷӣҲалим) бо роҳи фиреб, сохтакорӣ ва ба иштибоҳ андохтани кормандони Вазорати мудофиа, ҳамчунон аз мансаби муовини Вазири мудофиа сӯистифода кардааст.

Назарзода Абдуҳалим Мирзо (ҲоҷӣҲалим) аз аввал то охир дар ин амалиёти террористӣ ширкат варзида, онро шахсан роҳбарӣ намудааст. 

Ҳангоми амалиёти махсус аъзои дастаи террористӣ – Муродов Сарабек Баротович, соли таваллудаш 1967 зодаи ноҳияи Панҷ, истиқоматкунандаи  шаҳри Душанбе, кӯчаи Ғафуров 112, хонаи 47, Ибронов Илҳомиддин Маҳмадулоевич, соли таваллудаш 1972, зодаи ноҳияи Ваҳдат, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Хоҷамбиёи Поён, хонаи  35, Сафаров Собир  Каримович, соли таваллудаш 1965, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 28 А., Аюбов Фозил, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Наврӯз, хонаи 4, Холиқов Хуршед Додихудоевич, соли таваллудаш 1976, зодаи шаҳри Қурғонтеппа, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Неъмат Қарабоев, Салоев Ҳаёт Амриддинович, соли таваллудаш 1983, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, дастгир карда шуданд.

Ҳамчунон дар рафти амалиёт аъзои гурӯҳи террористӣ Абдуллоев Зиёраддин, собиқ размандаи ИНОТ, узви ҲНИТ, ки дар асоси Созишномаи Сулҳ ба кор дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардидааст, инчунин ҳашт нафар ҷинояткорони дигар, безарар гардонида шуданд.

Як гурӯҳ террористон бо сардории Назарзода Абдуҳалим Мирзо (ҲоҷӣҲалим) ба самти дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат фирор намуданд. Кофтукови Назарзода Абдуҳалим Мирзо (ҲоҷӣҲалим) ва дигар ҳаммаслакони ӯ бо тамоми роҳу восита аз ҷониби сохторҳои қудратии мамлакат идома дорад.

Нисбати ин ҳодиса аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кулли шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар дастгир намудан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани дастаи террористии Назарзода Абдуҳалим Мирзо (ҲоҷӣҲалим) ба сохторҳои қудратии мамлакат ҳамкории хешро дареғ надоранд. Телефон барои тамос 221-21-21, 227-98-98. 

Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi