05:27:18 01-уми Июни 2025 сол

Ҳукумат ба "Ҳоҷӣ Ҳалим" муҳлат додааст, ки таслим шавад

Бино ба иттилои як манбаи мо дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ҳукумат аз Абдуҳалим Назарзода ва ҳамроҳонаш тақозо кардааст, ки бидуни хунрезӣ худро таслим кунанд.

Як манбаъ дар ниҳодҳоиқудратии Тоҷикистон рӯзи 5 сентябр ба мо хабар дод, ҳукумат ба Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба "ҲоҷӣҲалим" мӯҳлат додааст, ки бидуни хунрезӣ ва ба зудтарин фурсат таслим шавад. "ҲоҷӣҲалим" барои ҳамлаи бомдоди 4 сентябр болои дастгоҳи марказии Вазорати дифоъ ва Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат муттаҳам мешавад ва рӯзи гузашта бо қарори ҳукумат аз мақоми муовини вазири дифоъ барканор шуд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ, ки дар Ромит, дар панҷоҳкилометрии Душанбе қарор доранд, мегӯянд, ки онҳо чор постгоҳро гузаштаанд. Ба иттилои онҳо ҳамин субҳ ба Ромит 150 нерӯи иловагӣ интиқол шуда, нерӯҳои давлатӣ гуфтаанд, ки вазъ ором ва таҳти назорати онҳост.

Амалиёти боздошти Абдуҳалим Назарзода ва ҳамроҳони ӯро, ки ба иттилои мақомот ба Ромит фирор кардаанд, раҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бар уҳда доштаанд. Иттилои дигаре дар даст нест.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854