13:13:01 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Умар Бобоҷонов баъди як ҳафтаи беҳушӣ даргузашт

Умар Бобоҷонов, донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои Санкт-Петербурги Русия, ки ба иддаои наздиконаш шаби 28 август гӯё аз сӯи маъмурони пулис латту кӯб шудааст, дар бемористон даргузаштааст.

Умар Бобоҷонов, донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои Санкт-Петербурги Русия ва сокини 23-солаи Ваҳдат баъд аз як ҳафтаи беҳушӣ дар бемористони марказии ин шаҳр даргузаштааст. Абдулло Бобоҷонов, бародари Умар, рӯзи 5 сентябр дар сӯҳбат ба мо гуфт, ҷасади ӯ пеш аз намози пешини рӯзи шанбе ба хок супурда шудааст.

Хонаводаи Умар Бобоҷонов иддао доранд, ки ӯ шаби 28 августи соли ҷорӣ дар пайи латту кӯби маъмурони пулис дар ҳоли беҳушӣ ба бемористон интиқол ёфта, бо ҳамин ба худ намодааст. Ӯ тайи як ҳафтаи охир тариқи дастгоҳ нафаси сунъӣ мегирифт.

Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, таҳқиқи қазияи Умар ҳанӯз идома дорад ва хулосаи дақиқ эълон нашудааст. Вале дар суҳбатҳои ҷудогона бархе аз маъмурони пулиси шаҳри Ваҳдат гуфтанд, ки гӯё Умар Бобоҷонов шаби 28 август дар ҳолати мастӣ буд ва ба ҷӯйбори бетонӣ сарозер шуда, аз ҳуш рафтааст.

Дар робита ба қазияи Умар Бобоҷонов Додситонии кулл парванда боз карда, таҳқиқи қазияро шахсан генерал Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, таҳти назар дорад. Вай 1 сентябри соли ҷорӣ барои тафтиши ҳодиса гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ таъсис дода ва дастур дод, ки афроди гунаҳкор муайян ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi