05:25:36 01-уми Июни 2025 сол

Раддияи Вазорати корҳои дохилӣ

Маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, ки ахбороти дар сомонаи «Азия-Плюс» паҳнгашта оиди он, ки вобаста ба ҳодисаҳои рухдода гӯё 33 нафар кормандони ВКД ва Вазорати мудофиа ба ҳалокат расида бошанд, ҳақиқат надорад ва аз тарафи СААД (ОДКБ) чунин иттилоот низ дода нашудааст.

Амалиётҳои якҷояи ВКД, КДАМ, ВМ ва дигар сохторҳои қудратӣ идома доранд. Дар натиҷа то ин ҳолат, 32 нафар аъзоёни гурӯҳи ҷинояткории Назарзода А.М. дастгир гардида, 13 нафарашон безарар гардонида шуда, аз ин гурӯҳ зиёда аз 500 яроқу аслиҳаи ҷангӣ мусодира карда шуд. Инчунин якчанд махфигоҳи яроқу аслиҳа ва автомашинаҳои тамғаҳои гуногуни «ҶИП» ва «Седан» дарёфт карда шуд.

Худи Назарзода Абдуҳалим бо ҳамроҳии 7-8 нафар ҳаммаслаконаш дуртар аз шаҳри Душанбе ба масофаи 150 километр дар дараи Ромит пинҳон гаштааст. Гирду атрофи ин минтақа пурра ба иҳота гирифта шуда, амалиётҳо барои дастгир ва безарар гардонидани онҳо идома дорад.

Бародари Назарзода А.М., Назаров Мирзоҳаёт Мирзоевич, соли таваллудаш 1972, ихтиёран худаш аз ин гурӯҳҷудо шуда, ба ВКД ҳозир шуд. Тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.

Бояд қайд кард, ки ҳангоми ин амали ҷинояткорона 9 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳалокат расида, 6 нафар ҷароҳати сабуки ҷисмонӣ бардоштаанд.

Вазъият дар ҷумҳурӣ тинҷу ором буда, таҳти назорати қатъии мақомотҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854