17:22:40 02-уми Июни 2025 сол

Боздошти ду афсари Вазорати дифоъ дар робита ба ҳамлаҳои 4 сентябр

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ду афсари Вазорати дифоъро барои "мусоидат" ба иҷрои ҳамлаҳои мусаллаҳона дар Душанбеву Ваҳдат, ки беш аз бист кушта бар ҷой монд, муттаҳам мекунад.

bozdoshtshuda-45441212.jpgВазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ду афсари Вазорати дифои кишварро барои “мусоидат” ба иҷрои ҳамлаҳои мусаллаҳона дар Душанбе ва Ваҳдат боздошт кардаанд. Аз онҳо подполковник Мустафо Назаров, муовини командири бригадаи десантии қисми низомии Вазорати дифоъ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ ва майор Насим Юсуфов, нозири калони Раёсати молия ва буҷаи Вазорати дифоъ ном бурда мешавад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин афрод имкон доштанд, бо хабар додан аз тарҳи ҳамлаҳо ба мақомот аз хунрезӣҷилавгирӣ кунанд. “Аммо бетарафӣ ва мусоидати онҳо ба гурӯҳи ҷиноятпеша боис ба нооромӣ ва куштор гардид,” –гуфтанд дар дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ.

«Озодӣ»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854