15:51:12 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Оғози сафари корӣ дар шаҳри Ваҳдат

Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти иҷтимоию саноатӣ ва оғоз бахшидан ба корҳои сохтмонӣ дар як зумра иншооти дигар ба шаҳри Ваҳдат ташриф овард.

safari-vahdat-89564521.jpgДар даромадгоҳи шаҳри Ваҳдат сокинони он Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтироми хоса ва гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Боздид аз шаҳри Ваҳдат бо ифтитоҳи роҳи мошингарди шоҳроҳи Ваҳдат – Файзобод, ки ба тозагӣ навсозӣ шудааст, оғоз ёфт.

Хотиррасон бояд намуд, ки ин шоҳроҳ дар маркази шаҳри Ваҳдат аз кӯчаи Сомониён мегузарад ва ҳаракат дар он то ин вақт яктарафа буд. Кунун пас аз навсозии куллӣ, ки тибқи дастури Президенти мамлакат сурат гирифтааст, ин роҳ бо 4 хати ҳаракат дутарафа шуд. То ин вақт ба самти муқобил мошинҳо аз кӯчаи дигар мегузаштанд. Масофаи умумии роҳи навсозӣ ва васеъшуда 1300 метрро ташкил медиҳад. Барои анҷом додани ин кор аз буҷети шаҳр 4 миллиону 800 ҳазор сомонӣ харҷ шудааст.

Умуман, тӯли ду соли охир аз буҷети шаҳр барои таъмиру мумфарш кардани роҳҳои маҳаллӣ, чароғон кардани кӯчаҳои марказии шаҳр ва дигар тадбирҳои ободонӣ зиёда аз 12 миллиону 100 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст.

То кушодашавии роҳи дутарафаи ҳаракати нақлиёт тамбашавии мошинҳо дар роҳи кӯчаи Фирдавсии шаҳри Ваҳдат ба амал меомад, ки барои ронандагон ва роҳгузарҳо монеаҳо эҷод мекард.

Инак, навсозии роҳу кӯчаҳои ҳудуди шаҳр ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардондани онҳо боиси куллан беҳтар шудани рафтуомади сокинони шаҳри Ваҳдат ба пойтахт ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат мегардад.

President.tj

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi