01:14:33 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Нишасти муштараки вазирони хориҷӣ, дифоъ ва дабирони шӯрои амнияти СПАД

Нишасти муштараки шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, дифоъ ва кумитаи дабирони шӯрои амнияти Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар шаҳри Душанбе оғоз шуд.

vazironi-khorija-451224545.jpg

Хабарнигори мо аз маҳалли баргузории ин нишасти муштарак дар Бӯстонсарои ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар кори нишасти муштарак, вазирони корҳои хориҷӣ, дифоъ ва котибони шӯрои амнияти СПАД ширкат доранд.

Густариши ҳамкориҳои кишварҳои узви СПАД дар чорчӯби ин созмон, баррасии хатарҳои ҷаҳони муосир ва роҳҳои бурунрафт аз он, аз мавзӯоти матрӯҳаи нишасти муштараки шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, дифоъ ва дабирони шӯрои амнияти ОДКБ дар Душанбе унвон шудааст.

Тибқи барнома, нишасти муштараки шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, дифоъ ва дабирони шӯрои амнияти СПАД муддати як соат идома карда ва дар поёни он санадҳои лозима ба имзо мерасанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба он, ки ин нишаст қабл аз ҷаласаи сарони Созмони Паймони Амнияти дастаҷамъӣ доир мешавад, вазирони СПАД маҷмӯи масоили матрӯҳа дар нишасти саронро баррасӣ карда ва санадҳои лозимиро барои тасвиб ба раисони ҷумҳур омода мекунанд.

Пас аз нишасти муштараки вазирони корҳои хориҷӣ, дифоъ ва дабирони шӯрои амнияти СПАД, саммити сарони ин созмон дар толори “Кохи Миллат”-и шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Ба манзури ширкат дар ин нишаст, Владимир Путин, Александр Лукашенко, Серж Саргсян, Нурсултон Назарбоев ва Алмазбек Атамбоев рӯзи гузашта ба Тоҷикистон омаданд.

Тибқи иттилооти расмӣ дар нишасти сарони СПАД таваҷҷӯҳи асосӣ ба масоили марбут ба хатарҳои ҷаҳони муосир, бахусус фаъол шудани гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ – “Давлати Исломӣ” равона шуда, роҳҳои ҷилавгирӣ аз паёмадҳои номатлуби ин таҳдидҳо баҳсу баррасӣ хоҳад шуд.

Нишасти сарони СПАД зӯҳри имрӯз бо тасвиби санадҳо ва изҳороти матбуотӣ бо ширкати хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ, ба поён мерасад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi