17:33:58 02-уми Июни 2025 сол

Иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД оғоз ёфт

Дар Қасри Миллат иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки дар сатҳи олӣ бо иштироки сарони давлатҳои аъзои ин созмон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён мегирад, ба кори худ шуруъ намуд.

2015-09-15saad 0Ҳоло ташрифи сарони давлатҳои аъзои СААД ба Қасри Миллат оғоз ёфт. Қабл аз ҳама Президенти Арманистон Серж Саргсян ва Президенти Белорус Александр Лукашенко вориди макони баргузории ҳамоиш гардиданд.

Хотиррасон бояд намуд, ки барои иштирок дар ҳамоиши сатҳи олии СААД ба Тоҷикистон роҳбарони ҳамаи давлатҳои аъзои ин созмон, аз ҷумла Арманистон - Серж Саргсян, Белорус - Александр Лукашенко, Федератсияи Русия - Владимир Путин, Қазоқистон - Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон - Алмазбек Атамбоев ва сарвари кишвари мизбон, Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон ба ҳам омадаанд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меҳмонони олимақомро як - як истиқбол гирифта, ба тамошои намоишгоҳи аксҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҷассумгари фаъолияти пурсамари Тоҷикистон дар роҳи пешгирӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар минтақа мебошад, даъват менамояд.

Тазаккур бояд дод, ки ҳамоиши мазкур бо тамошои намоишгоҳи мазкур ва аксгирии умумӣ оғоз ёфта, бо баргузории ҷаласаи хосаи сарони давлатҳо, ҷаласаи васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии кишварҳои аъзо ва намояндагони созмонҳои дигари минтақавию байналмилалӣ идома ёфта, бо изҳороти муштараки матбуотӣ ба поён мерасад.

President.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854