11:36:35 30-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Дар Афғонистон ДОИШ 7 нафарро сар буридааст

Гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” дар вилояти Зобули Афғонистон 7 тан аз ҳазораҳои афғонро бо шумули 2 зан ва як кӯдак сар буридааст.

sarburi-54784545.jpgГурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” дар вилояти Зобули Афғонистон 7 тан аз ҳазораҳои афғонро бо шумули 2 зан ва як кӯдак сар буридааст. Ин ҳодиса рӯзи 6 ноябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Арғандоб, дар наздики марзи Афғонистон бо Покистон рух додааст. Ҳазораҳо аз ақаллиятҳои миллӣ дар Афғонистон маҳсуб шуда, ба шиамаҳзабони ин кишвар тааллуқ мегиранд.

Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон ин “амали ваҳшиёна”-ро маҳкум карда ва ба пайвандони кушташудагон “ҳамдардии амиқ” изҳор кардааст. Волии вилояти Зобул масъулияти қатли ин афродро ба дӯши гурӯҳи “Давлати исломӣ” гузошта ва гуфтааст, кушташудагон аз вилояти ҳамсояи Ғазнӣ рабуда шуда буданд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти вилояти Зобул гуфтаанд, афроди мусаллаҳи Мулло Ахтар Муҳаммад Мухтор, раҳбари гурӯҳи Толибон дар ноҳияи Арғандоб 8 нафареро эъдом кардаанд, ки рӯзи 6 ноябр ҳафт нафарро сар бурида буданд. Гуфта мешавад, ин ҳашт нафар, ки маҳкум ба эъдом шуданд, аъзои гурӯҳи ДОИШ будаанд.

Ба гуфтаи раиси ноҳияи Арғандоб, шаби гузашта як фармондеҳи ДОИШ бо номи Акрам бо ҳамсафонаш ба гурӯҳи Толибон пайвастааст. Ин манбаъ афзудааст, бархе аз манотиқи ин ноҳия, ки қаблан зери назорати ДОИШ буд, ҳамакнун ба тасарруфи гурӯҳи Толибон даромадааст.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi