15:44:34 08-уми Июни 2025 сол

Қотилони ду корманди комиссариатро дар миёни донишҷӯён мекобанд

Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон барои пайдо кардани қотилони ду корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар донишгоҳҳои пойтахт "рейд"-и махсусро роҳандозӣ кардаанд.

justuju_89454554.jpgДар донишгоҳҳои пойтахт барои пайдо кардани қотилони ду корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки се рӯз қабл аз ҷониби афроди номаълум ба қатл расидаанд, "рейд"-и махсус роҳандозӣ шудааст. Як манбаи муътамад аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 10 ноябр ба мо гуфт, ин тафтиш аз сӯи комиссияи махсуси шӯъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Синои пойтахт анҷом мешавад.

Ба гуфтаи ин манбаъ, "гурӯҳи махсус бештар ҳуҷҷатҳои донишҷӯёни курсҳои чорум ва панҷуми шӯъбаи ғоибонаи муассисаҳои олии кишварро тафтиш ва аксҳои донишомӯзонро бо навори ҷойи ҳодиса муқоиса мекунанд."

Хабари тафтиши мақомотро устодони донишгоҳҳо низ тасдиқ карданд.

9 ноябр Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои пайдо кардани қотилони ду корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино аз сокинон ёрӣ хоста, дар иваз даҳҳазор доллар ҷоиза ваъда кард. Пӯлод Мирзоев ва Ҳамза Насибов, кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино, бар асари захмҳои бардоштаашон аз корди афроди номаълум ҷон дода, ҳамкоронашон - Темурхон Эгамбердиев ва Рустам Саъдуллоев бо захмҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳамлаи маргбор болои кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино субҳи 7 ноябри соли ҷорӣ дар кӯчаи Деҳотии ноҳияи Фирдавсии пойтахт рух дода, ҳоло ҷустуҷӯи афроди муттаҳамон идома дорад.

«Озодӣ»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854