15:24:05 08-уми Июни 2025 сол

РӮНАМОИИ КИТОБҲОИ САНЪАТИ МУСИҚИИ БАДАХШОН

12-уми ноябри соли равон, соати 16:00 дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе бо дастгирии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Фонди Кристенсен рӯнамоии китобҳои санъати мусиқии Бадахшон: “Афсонаҳо, эпос ва ривоятҳо” ҷилди 4 (бо забони русӣ), “Мусиқии инструменталӣ ва сурудҳои лирикӣ” ҷилди 5 (бо забони русӣ) зери таҳияи Низом Нурҷонов, Баҳриниссо Қобилова ва “Харитаи бостоншиносии Помири Шарқӣ (ВМКБ)” (бо забони русӣ) зери таҳияи Мира Бубнова баргузор мегардад.

runamo_6456546.jpgНашри ин асарҳо дар асоси ҷустуҷӯи васеъи таҳқиқоти мусиқии анъанавии Бадахшон ва омӯзишҳои бостоншиносӣ ба роҳ монда шуда, дар омӯзиш ва ҳифзи мероси таърихӣ - фарҳангии Бадахшон саҳми бебаҳо хоҳад гузошт. Китоби “Санъати мусиқииБадахшон” - таҳқиқоти панҷҷилда буда, ба мусиқии касбии халқӣ, анъанаҳои рақсӣ ва театрии минтақаи Бадахшони Кӯҳии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Дар ҷилди чорум ривоятҳо, достонҳои мафтункунандаи мусиқӣ ва сурудҳои ҳаҷвии бадахшониён гирд оварда шудаанд. Дар ҷилди охирин мусиқии инструменталӣ, аз ҷумла ба тарзи яккахонӣ ва дар иҷрои ансамблҳо ва инчунин сурудҳои лирикии маҳаллӣ, ки дар заминаи шеъру таронаҳои халқӣ ва ошъори классикони форсу тоҷик эҷод гардидаанд, ба табъ расидааст.

Китоби “Харитаи бостоншиносии Помири Шарқӣ” – қисми дуюми китоби дуҷилда, ки ба таърихи ёдгориҳои бостоншиносӣ, бозёфтҳо ва усулҳои ҳифзи ёдгориҳои пурарзиши бостоншиносӣ, ки дар кӯҳистони Бадахшон дарёфт шудаанд, бахшида шудааст. Китоб дорои харитаҳои беназир ва аксҳо буда, тавсифи беш аз 300 ёдгориҳои таърихии Помири Шарқиро дар бар мегирад. Асар ҳамчунин дар бораи таърихи ҷомеаҳои Помири Шарқӣ аз асрҳои миёна то давраи муосир маълумот медиҳад.

Шервони УМРИДДИН,рӯзноманигори хадамоти матбуотии АИ ҶТ

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854