15:37:51 08-уми Июни 2025 сол

ДАВРАИ ОМӮЗИШИ МИНТАҚАВӢ ОИД БА НОБУД КАРДАНИ МАВОДИ ТАРКАНДА ДАР ТОҶИКИСТОН

Сафорати ИМА дар ш. Душанбе дар ҳамкорӣ бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) давраи омӯзишӣ оид бар нобуд кардани моддаҳои таркандаро барои 32 мутахассисон аз минтақаи Осиёи Марказӣ оиди тоза кардан аз минаҳо, ки дар ш. Душанбе аз 26 октябр то 5 ноябр баргузор гардид, маблағгузорӣ карданд.

graduation-1.jpgДавраи омӯзишии мазкур, ки охирин дар силсилаи ҳафт чорабинии марҳилавӣ мебошад, ба мубориза бо дастгоҳи таркандаи дастисохт ва тайёр намудани иштирокчиён ба сифати мураббиёни дорои шаҳодатнома оиди маҳви маводи тарканда тамаркуз шудааст. Иштирокчиёни давраи омӯзишӣ аз қабили намояндагон аз Тоҷикистон, Афғонистон, Қазоқистон ва Қирғизистон буданд. 

Иҷрокунандаи вазифаи муовини роҳбари Сафорати ИМА ҷаноби Майкл Мансини дар маросими хатми омӯзиш аз тарафи мутахассисони Тоҷикистону Афғонистон, иқтидори ҳамкории минтақавиро, ки дар мисоли давраи омӯзишии мазкур дида шуд, ситоиш кард. 

Ҳамчунин ӯ таъқид дошт, ки баланд бардоштани иқтидор ҷиҳати беҳавф тоза ва нобуд кардани минаҳо, бозмондаҳои таркандаи ҷанг ва моддаҳои таркандаи таҳлукаовар, барои амнияту суботи минтақавӣ судбахш хоҳад шуд. Сафорати ИМА дар ш. Душанбе аз соли 2013 инҷониб дар раванди ин талошҳо бо САҲА ҳамкорӣ менамояд.

«Рӯзгор» 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854