ҶАЛАСАИ ВАСЕИ РАЁСАТИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Рӯзи 3 – уми ноябри соли ҷорӣҶаласаи васеи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзои Раёсати АИ ҶТ, директорон, муовинонидиректорон, котибониилмӣ, сарходимон ва ходимони пешбари илмии муассисаҳои илмии АИ ҶТ доир гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд: Гузориши раиси комиссия, ноиби президенти АИ ҶТ, раиси Шӯъбаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникии АИ ҶТ С.Одинаев оид ба арзёбии фаъолияти илмӣ ва илмӣ - ташкилии Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови АИ ҶТ; Гузориши раиси комиссия, ноиби президенти АИ ҶТ, раиси Шӯъбаи илмҳои биологӣ ва тибби АИ ҶТ М. М. Якубова оид ба арзёбии фаъолияти илмӣ ва илмӣ - ташкилии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ.
Дар гузоришҳо оид ба дастовардҳои илмии муассисаҳои зикршуда, масъалаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ тавассути магистратура ва аспирантара, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷети давлатӣ, камбудиву норасоиҳо дар фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилӣ баррасӣ гардида, нақшаҳои минбаъдаи муассисаҳо ва роҳҳои бартараф намудани камбудиву норасоиҳо муайян карда шуданд.
Аз рӯйи масъалаи якум Муминов Ҳ. -директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров, Холов А. -муовини директор оид ба илм ва Кабутов Қ.- раиси Маркази таҳқик ва татбиқи манбаъҳои барқароршавандаи энергия суханронӣ намуда, ба саволҳо ҷавобҳои мушаххас доданд. Аз рӯйи масъалаи дуюм Ҳисориев Ҳ. – директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ, Алиев Қ. – узви вобастаи АИ ҶТ ва дигарон ба саволҳои гузошташуда посух доданд.
Дар охири ҷаласа қарорҳои дахлдори Раёсати АИ ҶТқабул карда шуданд.
Шервони УМРИДДИН, рӯзноманигори хадамоти матбуотии АИ ҶТ