15:13:45 08-уми Июни 2025 сол

ВАСОИТИ НАҚЛИЁТ БА БАТАЛИОНИ СУЛҲҶӮЁНАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ТОҶИКИСТОН

Маросими тақдими панҷ адад васоити нақлиёт аз ҷумлаи Ҷип J8 ба баталиони сулҳҷӯёнаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз ҷониби Сафорати ИМА дар Душанбе дар пойгоҳи «Шамсӣ» сурат гирифт.

signing_ceremony.jpgВасоити нақлиёт аз се адад мошин барои роҳпаймоҳҳои патрулӣ, як адад барои ҳайати шахсӣ ва мошини ёрии таъҷилӣ иборат аст. Кӯмаки мазкур ба маблағи 1.1 миллион доллари амрикоӣ барои беҳтар намудани омодагии баталиони сулҳҷӯёна дар гузаронидани амалиёти мансуб дар чорчӯбаи СММ равона шудааст. Он  инчунин таъмини қисмҳои эҳтиётӣ, таҷҳизот, омӯзиш ва васоити алоқаро дар бар мегирад.

Кордори Сафорати ИМА хонум Лесли М. Ҳейден ба Вазорати мудофиа барои ҳамкорӣҷиҳати баланд бардоштани иқтидори баталион ва кордонӣ арзи сипос намуда, изҳори итминон намуд, ки Тоҷикистон дар ояндаи наздик метавонад қушӯнҳои сулҳҷӯёнаи баталиони мазкурро дар чорчӯбаи СММ ҷойгир кунад.

Маблағгузорӣ барои дастрас намудани васоити нақлиёти мазкур дар чорчӯбаи ташаббуси глобалии оид ба амалиёти сулҳҷӯёнаи Департаменти давлатии ИМА роҳандозӣ шуда, он аз соли 2009 зиёда аз 6,6 миллион доллари амрикоиро ба Тоҷикистон ҷиҳати ҷонибдорӣ аз барномаҳои омӯзишӣ, дастраси таҷҳизот ва таъсиси Маркази омӯзишӣ оид ба амалиёти сулҳҷӯёна дар пойгоҳи «Шамсӣ» ҷудо намудааст. 

“Рӯзгор” 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854